Баҳогузории кори додситонҳои Ӯзбекистон бар пояи раддабандӣ

2017-01-10 05:33:13 | Минтақа | 0 | 130

tajikistan

Шавкат Мирзиёев, президенти нави Ӯзбекистон дар суҳбат бо кормандони мақомоти додситонии ин кишвар гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар назди мардум ҳисобот медиҳанд ва фаъолияташон бар пояи раддабандӣ баҳогузорӣ мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Мирзиёев ҳамчунин аз додситонҳо, ки тайи солҳои ахир ба "айбдоркунанда" табдил ёфтаанд, хостааст, то барои касби унвони "ҳимоятгар" талош кунанд. Мулоқоти мазкур дар арафаи Рӯзи кормандони мақомоти додситонии Ӯзбекистон баргузор шуд, ки ҳамасола 8 январ таҷлил мешавад.

"Сар аз соли 2017 низоми ҳисоботдиҳии тамоми ҳокимони сатҳҳои гуногун, сардорони ниҳодҳои додситонию корҳои дохилӣ роҳандозӣ мешавад. Ба ҷуз ин, дар минтақаҳо раддабандии фаъолияти додситонҳо сурат хоҳад гирифт, ки бар пояи натоиҷи он фаъолияти онҳо баҳогузорӣ мешавад", - афзудааст президенти Ӯзбекистон.

Шавкат Мирзиёев, ки гуфтааст, аз ҳар қарори додситонҳо тақдири инсон вобастааст, афзудааст, "бештари муроҷиатҳо ба қабулгоҳи маҷозии сарвазир марбути фаъолияти додситонҳост". "Ин хеле таассуфовар аст. Барои чӣ дар зиндагии мардум мушкилот меафзояд? Бахши бештари ин муроҷиатҳо натиҷаи бемасъулиятии раҳбарони ниҳодҳои дахлдор, бахусус мақомоти додситонист", - изҳор доштааст вай.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет