Cтратегҳои тоҷик: сатҳи баланди озодии баён барои кишварҳои рушднаёфта зараровар аст

2017-01-10 00:12:49 | Тоҷикистон | 29 | 306

tajikistan

Раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки барои журналистон дар ҷумҳурӣ ба таврӣ кофӣ шароити озодии баён фароҳам оварда шудааст. Қатъи фаъолияти чанде аз ВАО-ро бошад, дар Марказ ба мушкилоти иқтисодӣ нисбат медиҳанд.

«Тайи 10-15 соли ахир мо шоҳиди он гаштем, ки бисёре аз ВАО дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ба рақобат тоб наоварда, баста шуданд. Қатъи фаъолияти ин ВАО, пеш аз ҳама ба муфлисшавӣ марбут буда, ба масъалаҳои озодии баён ҳеҷ рабте надорад», - гуфт директори МТС Худойбердӣ Холиқназар зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Ба ақидаи ӯ, озодие, ки барои журналистони тоҷик фароҳам аст, дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин озодӣ вуҷуд надорад.

Роҳбари Марказ аз журналистон даъват кард, ки зимни таҳияи маводҳои худ каме эҳтиёткор бошанд. Ӯ чунин мешуморад, ки дар шароити ноамнии ҷаҳон «бозиҳои демократия» ба дубора ноамн шудани вазъ дар ҷумҳурӣ оварда расонида метавонанд.

Холиқназар мутмаин аст, ки гуногунандешии аз ҷониби кишварҳои абарқудрат ба давлатҳои Шарқи Наздик таҳмилшуда ба оқибатҳои ногувор боис гардид.

«Мо таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем ва бо ҳар роҳу восита бояд аз сулҳу ризоят миёни тоҷикон ҳимоя намоем, на балки дар ҷомеа тафриқа андозем», - афзуд ӯ.

Ба ақидаи муовини аввали роҳбари МТС Сайфулло Сафаров, озодии баёни беҳад зиёд дар ҷомеаҳои ноустувор ба давлат зарар расонида метавонад.

«Дар кишварҳои рушдёфта озодии баён ҳар қадаре зиёд бошад, ҳамон қадр хубтар аст. Дар ин кишварҳо озодии баён омили суботу сулҳ ва фаъолшавии шаҳрвандон аст, аммо барои кишварҳое, ки дар ҳоли гузариш қарор доранд, сатҳи баланди озодии баён зиёновар аст», - мегӯяд Сафаров.

Қобили зикр аст, ки тайи соли ахир дар Тоҷикистон чор ВАО - газетаҳои «Вечерний Душанбе», «Дам», «Нигоҳ» ва агентии «ТоҷНюс» аз фаъолият бозмонданд. Боз чанде аз ВАО дар ҳоли басташавӣ қарор дошта, беш аз 10 нафар журналистон Тоҷикистонро тарк карданд.

Источник: Азия плюс 

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Озоди

2017-01-10 00:45:22

Бале дар хакикат имруз дар Точикистон умуман озодии сухан вучуд надорад

Чалолиддин

2017-01-10 00:47:45

Озоди !!! хак бар чониби гуфтахои туст бародар озодии баён дар тариф кардан тамом. агар хозир як праблемаро гап зани озодии сухан гуфта капат дуд мекна )))

БЕНОМ

2017-01-10 00:49:38

Эха озодии сухан, озодии баён тамоман дар Точикистон арзи хасти надорад .

Зебо

2017-01-10 01:16:27

Баъзеҳо метарсанд назари худро гуянд ))) Пас бо кадом руяшон даъвои марди мекунанд?

Саид

2017-01-10 01:21:37

Гуруҳеро ташкил кардан даркор, ки дар ҳамаи минтақаҳо озодона фаъолият кунанд.

Кларк

2017-01-10 02:13:36

Рутон сиёх кати тахлилотону кати коротон. дунёро хурда гаштен. шкамботон каври сагеравори. хамат порахурен.

Гургали

2017-01-10 02:16:37

Дар муддати 25 сол ин хукумати малъун ягон кори хубро ба чо оварда нест. Чи кор кардааст? аз пеши худ ягон кор карда нест. Бале бино сохтанд маош баланд шуд. Аммо ин заслугаи ин Хукумат нест. бе хами хукуматам мардум рохи худро меёбад. Дар бораи адлу инсофи ин хукумат биёед харф намезанем. онхо мисли хамон паразит шуллук дар мардум часпида хун макида истодаанд.

Журналист

2017-01-10 02:17:42

Барои ягон журналист озоди таъмин нашудааст. касе камтер овоз баланд мекунад хамон сагхои дарбадар омада гухашро хурданро сар мекунанд.

Шахрванд

2017-01-10 02:20:50

Ман хайрон мешавам ба амин аналитикои точико. хама гуна мусибатхоро хатогихои Хукуматро дар сари чанги шахрванди зада худро мусичаи бегунох мекунанд.

Сухангу

2017-01-10 02:50:12

Рутон сиёх. Хамаи гапа задестен бо меген озодии сухан нест.

Журнал

2017-01-10 04:10:32

Дар Ғарб ба наздикӣ аз либос ҳам даст мекашанд - ин аст озодии куллӣ барои инсоният аз нигоҳи онҳо. Мо бошад баҳси журналистони Тоҷикистон мекунем

Мухочир

2017-01-10 04:28:36

бароидар ин давлат давлати авлодист метавонед озодии баён наген чунки агар як калима ай даханут броя мурдум бугу

Беномerer

2017-01-10 04:44:51

и хукуматихо хамаш русиёхан хучон мардума намемонан озод сухан кунан

Беном

2017-01-10 04:52:56

Мо чавонон омили суботу сулҳ ва фаъолшавии шаҳрвандон хастем. ВАО хамавахт дар сафи пеш бошад, ки мо чавонон аз хабархои руйдодхои чахон хабардор бошем. Дигар кишвархо чавононро ба омузонидани илму техника чалб мекунанд. Мо чавонон ояндасози миллат шавем.

Чавонон

2017-01-10 04:53:26

Мо чавонон омили суботу сулҳ ва фаъолшавии шаҳрвандон хастем. ВАО хамавахт дар сафи пеш бошад, ки мо чавонон аз хабархои руйдодхои чахон хабардор бошем. Дигар кишвархо чавононро ба омузонидани илму техника чалб мекунанд. Мо чавонон ояндасози миллат шавем.

САФАРАЛИ

2017-01-10 05:50:59

САФАРАЛИ. БАРОДАР НАТАНХО ЧАВОНОН КУЛИ МАРДУМИ САРЗАМИНИ ТОЧИКИСТОН СУЛХУ, СУБОТУ ОРОМИ ВА ТИНЧИ МЕХОХАД. ДАР ТОЧИКИСТОН НЕСТ ОЗОДИИ СУХАН ИН ХАМАШ ДУРУГ АСТ НА КАЛОН НА МАЙДА ОЗОД СУХАН КАРДА НАМЕТОНАД ИН ЧИХЕЛ ДЕМОКРАТИЯ МЕГАН БАЪ НЕСТ ДЕМОКРАТИЯ АЗ БИНИ БОЛО КИ ГАП ЗАДИ КАВРТА МЕКАНАНД.

Сармухаррир

2017-01-10 05:54:51

Чаноби Сайфулло Сафаров (муовини аввали МТС) гуфтани хаст, ки рохбарони мо дар холи сармоячамъкуни хастанд ва озодии баён ба онхо хушоянд нест. Чунки журналистон аз бефаъолияти ва ба коррупсия даст доштани чиновникхо сухан мекунанд. Магар ин ба рушди чомеа зиёновар аст. Камбуди гуфта шавад, дархол ба гуяндаи камбуди (журналист) тамгаи душмани зада мешавад (ба экстремист баробараш мекунанд- ё салафи ва ё ДИИШ). То сер кардани чиновникхо дахонро пушидан даркор... ОЗОДИ ПОЗОДИИ БАЁН нест...

Арбат

2017-01-10 06:02:23

Сухани хака бояд озод гуфтан даркораст охир, чаро набояд гуфт???ВАО озод гуфта натавонад, мардуми одди натавонад пас хакикатро чи тавр баен кард...

АЗ ИСФАРА

2017-01-10 06:02:42

АЗ ИСФАРА. ШУМО АКА ДУРУСТ КАЙД КАРДЕН ОЗОДИИ СУХАН БАРОИ ХАМОН 4-5 МАНСАБДОРОНИ ХУКМАТИ АСТУ ХАЛОС СУХАН БЕПУЛ АСАР НАДОРАД, ХОЛЕКИ МО ДОРЕМ...... ИН МАНСАБДОРОН КИ ПУЛ ДОРАНД ОЗОДИИ СУХАН БАРОИ АНАХАМОН МАНСАБДОРОН АСТ НА БАРОИ МАРДУМИ КАМБАГАЛ ИН КАМБАГАЛИ БЕЧОРА АЗ ТАРСАИ ХУКУМАТИЁРА ДАР ХОНАШ ОЗОД СУХАН ГУФТА НАМТАВОНАД.

Сорбон

2017-01-10 06:05:28

Агар дар Точикистон сад сухан гуи, ба нафъи вай Раисон фойда наоварад бефоидааст хамаи он суханонат.... ба гуфти руссхо камбагали рулят дар Точикистон

Довуд

2017-01-10 06:08:59

Хамон Раисоне ки аз дасташон ягон фоида нест факат зарарашон ба чомеъ мерасад ана барои хамон афродони номаъмул озодии сухан дар Точикистон асту тамом.

Россиян

2017-01-10 06:19:32

Бинен, ки гап дар гучост озодии сухан нест дар ЧТ, журналистонро бинен намедонанд дигар чи кор кунанд ва дар гучо сухан гуянд, чи магар озоди хамин аст не ....

Рузноманигор

2017-01-10 06:26:33

Албата озодии баён дар пешрафти хар як чомеа сахмгузор мебошад. Лекин сад афсус, ки дар чомеаи мо озодии баён рох наёфт. Рохбарони сохторхои хукуматии мо акнун маззаи хукуматдориро чашидаанд ва намехоханд, ки камбудихояшон ошкор гардад, то аз вазифаашон махрум нагарданд. Журналистика яке аз чор шохаи хокимият махсуб меёбад ва фаъолнокии ин чор шоха ба инкишофи чомеа мусоидат мекунад. Мутаассифона, се шохаи болои (макомотхои конунгузор, ичроия ва суди) чойгохи ВАО-ро танг кардаанд. Албата танхо ба манфиати шахсии худ, на ба манфиати миллату кишвар....

Умар Хаттоб

2017-01-10 06:39:03

И давлатихо тарс аз сарнагун шудани хокимияташон доранд, набошад барои ино мардуми точик ахамияте надорад. Кани озоди мардуми мазлумро барои талаби хаки худашон махбас мекнен.???

Бародари одил

2017-01-10 06:49:00

Як нафар пайдо нашуд то гуяд журналистони точик чаро Ватанро тарк карда истодаанд.??? Маълум, ки озоди танхо барои хукуматдорон ва ченовникхои давлати вучуд дорад, на барои журналистон.!!!

Мурувват

2017-01-11 08:02:38

Бародари Одил худи шумо вазъияти имрузаи точикро бо хамин фикри доштаатон бахо додани бошед, донед ки хатокоред. Зеро имрузхо дар тамоми кишвархои пасошурави дар чунин вазият карор доранд. Дар тамоми давлатхо мухочират вучуд дорад. Инро гунохи як шахсе хисоб намудан даркор нест. Бояд пеш аз айби Хукуматро чустан айби худро чуст.

Дмитри -77

2017-01-11 08:09:08

Шумо чи икадар пак пак дорен, озоди меъёр доштагист. Мисол дар оилаи худатон падар (Рохбар) ва модар (Хукумат) ягон фарзандашро хамчун гулом истифода наменамояд ку ва ё озодиашро поймол намекунад, аммо онхоро дар як режими муайян нигох медорад пас инро поймоли озоди гуем.!!! Шайх Саъди гуфтаанд "давлат бе сиёсат намешавад". Барои хамин бояд сиёсат ва як меъёри муайяни муоширати одамхо бошад то мисли ТЭТ ХНИТ ва Г-24 мардумро ба гуруххои ифроти ва террористи даъват накунанд.

Далер 87

2017-01-11 08:10:25

Макола самташ факат барои бадном кардани хукумати Точикистон, ин хамон боз каламушхои гурехта аз хорича неш зада истодаанд барои ваъзи Точикистонро нотинч намуданд

Леха с Юга

2017-01-11 08:20:19

Нашему народу Таджикистану дай полный свободу слова они такое могут на говорить, такое на чудить что мама не горюй. Так что все что будет сказано должно иметь свое определенной границы и это определяется государством, для того он и существует )))