«Иҷорашин»-и ҳисорӣ барои қасди қатли соҳибхона 21 сол равонаи зиндон шуд

2017-01-05 07:00:45 | Амният | 0 | 319

tajikistan

Шаҳрванд Меҳрубон Сироҷзода, ки дар қаламрави шаҳри Ҳисор муваққатан иқомат доштааст, барои қасди куштани соҳибхоназан, ки дар он ҷо иҷорашин будааст, ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, маҳкумшуда бо мақсади куштори соҳибхоназан ва тасарруф намудани амволи ӯ бо болғаи оҳанин ба сари зан якчанд зарба задааст.

Гуфта мешавад, ӯ ҷабрдидаро фавтида гумон карда, гушворҳои ӯро аз гӯшҳояш кашида мегирад ва аз дигар ҳуҷраҳои хона молу мулки ӯро тасарруф ва аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, вале соҳибхоназан  бо расонидани ёрии тиббӣ аз ҷониби писараш зинда монда, дар суд муқобили иҷорашинаш баёнот додааст.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет