Президент ивази прокурорҳоро маъқул шуморид

2017-01-05 06:52:22 | Тоҷикистон | 0 | 730

tajikistan

Тағйироти кадрӣ дар раҳбарияти мақомоти прокуратура ва қушӯнҳои сарҳадӣ сурат гирифтанд.

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъин гардиданд ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тағйиротҳо дар мақомоти Прокуратура ва Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифтанд. Прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва дорои савияи баланди тахассусӣ таъин гардиданд.

Гуфта мешавад, дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ як қатор тағироти кадрӣ сурат гирифта, сардорони Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз ҳисоби афсарони дорои таҷрибаву малакаи хуби роҳбарӣ ва хатмкардагони муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Дар дастгоҳи марказии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ вобаста ба таҷдиди сохтор барои идомаи фаъолияти касбӣ афсарону мутахассисони баландихтисос сафарбар шуданд. Қобили зикр аст, ки аксар кадрҳои таъингардида ҷавон, донандагони забонҳои хориҷӣ, соҳиби таҷрибаву малакаи муосири касбӣ мебошанд.

Сарвари давлат Раҳмон ба кадрҳои нав таъингардида доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ, вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар идомаи сӯҳбат Президенти Тоҷикистон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо бори дигар барои хизмати содиқонаву софдилона ба манфиати давлату халқи Тоҷикистон ҳидоят намуд. 

Аксҳо аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет