Туркия пуштибонии низомии Амрико дар Сурияро рад ва кӯмаки низомии Русияро пазируфт

05-01-2017 | Сиёсат | 0 | 302

tajikistan

Ду мақоми низомии Туркия эълом карданд, Русия дар пуштибонӣ аз нирӯҳои ин кишвар, ки дар Ал-боби Сурия дар ҳоли ҷанг ҳастанд, чандин ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.

Туркия дар ҳоле пуштибонии ҳавоии Русияро пазируфтааст, ки кӯмакҳои низомии Амрикоро рад кардааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии «NBC News», Туркия ҳамакнун машғули ҷанги шадид барои берун кардани ДОИШ аз Ал-боб аст, ва нерӯҳои ин кишвар дар ин ҷанг талафот додаанд.

Ин ду мақоми турк гуфтаанд, ки Амрико дар тайи чанд ҳафтаи охир борҳо пешниҳоди кӯмак ба Туркия додааст, вале ин кишвар онҳоро рад кардааст.

Амрико ҳанӯз ҳеҷ пуштибонии ҳавоӣ аз Туркия дар ин ҷанг накардааст. Ҳавопаймоҳои амрикоӣ чанд бор бар фарози шаҳри Ал-боб парвоз кардаанд, вале ҳеҷ ҳамлае анҷом надоданд.

Мақомоти низомии Амрико аз ради пешниҳоди худ тавассути Туркия таъаҷҷуб мекунанд ва вақте аз онҳо дар бора ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Ал-боб пурсида шуд, онҳо ин мавзӯъро таъйид карданд.

Шаҳри Ал-боб дар миёнароҳ байни Ҳалаб ва шаҳри Манбиҷ қарор дорад. Шаҳр Манбиҷ чанд моҳ пештар тавассути нерӯҳои демократики курди Сурия (YPG) аз ДОИШ бозпс гирифта шуд. Туркия НДК-ро як гурӯҳи террористӣ медонад, ва имкон дорад нерӯҳои ин кишвар баъд аз Ал-боб ба сӯи Манбиҷ ҳаракат кунанд. Амрико аз НДК (YPG) дар ҷанг алайҳи ДОИШ пуштибонӣ мекунад.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика