Шӯрои амнияти СММ дар мавриди Ҳалаб қатънома қабул кард

2017-01-05 06:35:45 | Ҷаҳон | 0 | 236

tajikistan

Шӯрои амниятии Созмони милали муттаҳид қатънома дар бораи гузаронидани муроқабаи (мониторинг) байналмиллалӣ дар мавриди ихроҷи аҳолии Ҳалаб ва бехатарии сокинони шаҳрро бо як овоз қабул кард.

Матни ин ҳуҷҷат дар асоси пешниҳоди Русияву Фаронса тартиб дода шудааст. Дар қатънома ҳамчунин аз Дабири кулли СММ хоҳиш шудааст давоми панҷ рӯз аз рафти он ба Шӯрои амният гузориш диҳад.

Қатънома аз ҳамаи тарафҳо даъват кардааст ба вуруди нозирону кормандони тиб ва расонидани доруворӣ ба Ҳалаб ҳеҷ монеъае эҷод накунанд.

Ҳалаб дар шарқи Сурия ва 40 километрии сарҳади Туркия воқеъ гашта, дуввумин шаҳри бузурги Сурия ба ҳисоб меравад.

Ҷанг дар Сурия моҳи марти соли 2011, баъди он ки низомиён ба тарафи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд, оғоз шуд. Тибқи иттилои СММ дар ин ҷанг наздик ба 500 ҳазор нафар кушта ва беш аз 10 миллион манзилҳои худро тарк кардаанд. 4,8 миллион дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурдаанд.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет