Тобеъони Шамсуллоҳ Соҳибов шаҳрванди Қирғизистонро асир гирифта ба 23000$ фурӯхтаанд

2017-01-05 03:20:15 | Минтақа | 14 | 629

tajikistan

Набиҷон Набиев, ҳуқуқшиноси ширкати «Тоҷирон» ва собиқ корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро асир гирифта сахт латукӯб кардааст. Сипас он шаҳрвандро ба наздиконаш ба 23000$ фурӯхтааст.

Тибқи номаи ин шаҳрванд, ки онро ҳамроҳ бо аксҳояш дар фейсбук Шарофиддин Гадоев нашр кардааст, Набиҷон Набиев, ҳуқуқшиноси ширкати «Тоҷирон» шаҳрванди Қирғизистон Акжол Калбаевро ба Тоҷикистон ба «меҳмонӣ» даъват карда, ӯро асир мегирад. Онҳо қаблан дар Ширкати «Голд Тур Транс», ки ба марҳум Умаралӣ Қувватов, тааллуқ дошт, дар шаҳри Оши Кирғизистон, якҷо кор мекарданд.

Набиҷон Набиев Акжол Калбаевро аз Хуҷанд бо роҳи зӯрӣ ба Душанбе меорад ва дар таҳхонае нигоҳдорӣ карда, шадидан латӯкуб мекунанд. Чуноне, ки дар ҳамон нома омадааст, дар натиҷаи латукӯби Акжол аз тарафи Набиев ва писараш сар ва зонуҳои ӯ мешикананд, гурдаву ҷигараш шадидан маъюб мешаванд. Ҳадаф аз латукӯб ва истинтоқи ин шаҳрванди Қирғизистон маълум кардани ҷои Кувватов Анвар — бародари Умаралӣ Қувватов будааст. Аммо чун маълумоте аз ӯ дарёфт намекунанд, баъди латукӯб кардани Акжол Калбаев, ӯро аксбардорӣ карда, ба бародараш мефиристанд ва таҳдид мекунанд, ки дар сурати наовардани 23 000 доллари амрикоӣ (гӯё Акжол Калбаев аз Н. Набиев қарздор будааст) ҷасадашро хоҳанд гирифт. 

15823611_1844193329195103_5413810938307195368_n 15823652_1844193385861764_4284336924471330289_n15894914_1844193275861775_7631168349764124962_n

Бародари Акжол Калбаев аз хешу табораш 23 000 долларро чамъ карда, бародарашро мехарад ва аз Тоҷикистон ба Кирғизистон мебарад. аммо қабл аз додани пул бо сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон дар тамос мешавад ва сафорат қазияро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мерасонад. Дар нома, ки аксаш дар зер нашр шудааст, омадааст, ки аз тарафи КДАМ оиди ин қазия нисбати Набиҷон Набиев ва писараш парванда боз шуда, онҳо боздошт шудаанд.

Ҳамчунин тибқи иттилои дигар, дар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳам нисбати ин қазия парванда боз шуда, тарафи Қирғизистон аллакай ба Тоҷикистон “нота”-и эътирозӣ фиристодааст.   

Нависандаи ин нома дар охир суол гузоштааст, дар ҳоле, ки Набиев корманди Шамсуллоҳ Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон аст ва аз тарафи ӯ пуштибонӣ мешавад, оё парвандааш ба суд хоҳад рафт, ё бо дахолати Соҳибов қатъ хоҳад шуд?  

Ҳамчунин ӯ навиштааст, ки Анвар Қувватов дар як гуфтугӯи телефонӣ кормандони Шамсулло будани Набиев ва ҳамроҳонашро тасдиқ кардааст ва ба зудӣ мусоҳиба бо ӯ нашр хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир Акжол Калбаев, дар яке аз беморхонаҳои Қирғизитон бистарӣ буда, табобат мегирад.

15825803_1844193292528440_7160907498223217500_n    15826624_1844193352528434_9145794420048442412_n     15823202_1844193365861766_6586680194617313615_n

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Раҳгузар

2017-01-06 11:31:46

Бо ҳар баҳона номи аму мардаки хуба паст мезанед, айбу шарм надоред?

Зиёратшох

2017-01-09 02:47:32

Акаи Рахгузар инхо кори дигар надорад. Инхо номус надорад айбу шарма аз кучо медоанд ... ?

Сайобид

2017-01-09 06:17:51

Э неким ячи киссахо бардуруга мебофен дааа)))) . О рут сиёх ика фантазияи зур дори бра дар голивуди Амрико кор кун. Учада хамихели дуругухора даррав кабул мекунанд

ДДТ

2017-01-09 06:20:43

Хамин гуна маколахоро мехонаму дар сарам факат як фикр меояд, ки гуё муаллифи хамин маколахо бе дину бе ватан бошаду факат барои нафси хароми худ кор мекарда бошад

Фархори

2017-01-09 07:43:04

Шарофиддин Гадоев-и "носфуруш" рухашро сиёх мекунад. Барои дарёфти бародари Умарали Кувватов макомотхои кудрати хастанд, ширкати "Точирон" чи дахл дошта бошад. Аз казия маълум аст, ки киргиз карздор аст ва карзро дар вакти ваъдагиаш бар нагардонидааст ва ба чунин "подош" гирифтор шудааст. Ин проблемаи халталаби макомотхои расмист.....

Миллатдуст

2017-01-09 07:59:03

ГУРУХИ ба ном "24" намедонад бо кадом рох обруи хукуматихоро коста гардонад. Ким кадом акси киргизи чупонро, ки аз кадом баландии "кух" сарозер шудааст дар сомонахояшон пахн ва гуё кормандони ширкати "ТОЧИРОН" уро лату куб карда бошад. Дар ин кор, хакро ба хакдор расонидан макомотхо арзи вучуд доранд. ХАМСИНФ. СОМ дигар кор надошта бошад, ки чунин маколахои по дар хаворо нашр мекунад.....

Бетараф

2017-01-09 08:12:58

Аввало ба бародари киркизамон "хамдарди"-и хешро мерасонем. Дувум, ки ба мехмони меойи мемури аввал карзатро дихи. Баъдан кадом тарафе гунахкор бошад, чавобашро медихад. Дар ин кору бор бародари Умарали Кувватов чи дахл дошта бошад, ки Шарофиддин Гадоев бешармона дар мактуб уро куш кардааст ва ё ин ки домоди Президентро. Игвоангезиатон то ба кучо....

Кирил Кавказ

2017-01-09 08:55:33

Холо асри технология гуфта, ин душманони миллати точик, танхо даст ба бадномкунии Хукумати точик задаанро медонанд. Ин душманон аклашон барои омухтану сохтани техналогия аз кучо расад, танхо масхарабози ва тухматро нисбати хамватанонашон афзалтар медонанд.!!!

ХИШНИК

2017-01-09 09:00:24

Бародар ДДТ ин душманони точикон Ватан аз кучо доранд, ки хисси Ватандустдори дар инхо бошад. Барои Беватанон дардовар аст, ки точикон дар давлати орому осуда зиндаги доранду душманонашон (ТЭТ ХНИТ ва Г-24) бошад, дар бадаргаги.!!! Ин душманони точикон умрашонро мисли сагони ДаЙдУ мегузаронанд.!!!

Файзободам

2017-01-09 09:08:38

Шарофиддини Гадо якбор аз харомхурихои падараш Кувватов намегуяд, ки чигуна барои аз бочи давлати даст мекашид ва барои мардуми точик кори некерохам ба анчом нарасонида буд ва баъди гунахгор буданашро тасдик кардан у худашро Гамхори мардум эълон карда, чавононро ба гурухи экстремистиаш чалб намуданро шуруъ кард.

Беном

2017-01-11 07:57:05

Ин хамааш корхои хамон хонони миллат ки аз дасташон факат вайрон кори меояд хамонхо хастанд

Сафар

2017-01-11 08:02:22

Э руша сиёх кардай хаму Шарофиддин Гадоев кати хаму фейсбукаш. Вай як палид, хоини миллат, касиф, окипадар аст, ки ба хаму бовар мекунад, албата хеч кас ба гайр аз хаму кунлесакош

н. Файзобод

2017-01-11 08:41:27

Бояд гуфт хамин Ш.Гадоев инкадар пак пак мекунад ва барои Ватани худашро бадном кардан кадом расми киргиз ва ё узбекро ёфта беасос сухан кардан мегирад. Холо агар замони Шурави мешуд ингуна Хоинони Ватанфурушро кайхо ба дор овехта буданд. Холо ин шаголон аз демократияи сохтаи хочагонашон истифода бурда, дар ичрои накшахои онхо метозанд. Имрузхо кам мардонеро вохурдам мумкин, ки хисси Ватандусти дошта бошанд ба монанди Э.Рахмон.

Шоир

2017-01-11 08:52:01

Аз дуздихои худ чаро намегуед Шарофиддин.??? Шумо маблагхои ин Ватанро бо шаголони дар гирдатон буда дуздида ба берун бурдед хечгап нею ин марди точик маблагхои худашро яъне карзи додаашро талаб кардааст гап мезанед. Хама медонанд, ки максадатон танхо ноором кардани Ватан ва точикро душмани точик нишон додан аст лаганбардорони ХОРИЧИЁН.!!!