Таъини сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон

2017-01-04 07:38:51 | Тоҷикистон | 0 | 211

tajikistan

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3 январ Фаррух Шарифзода сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шуд. Ӯ то охири моҳи июни соли гузашта вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркияро бар дӯш дошт.

Қрбили зикр аст, ки то охири моҳи июни соли гузашта ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Ашқобод Маҳмудҷон Собиров фаъолият дошт, ки 30 июни соли 2016 «бо сабаби ба нафақа баромадан» аз мансабаш барканор шуда буд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони Президент аз ҳамин сана, Анварҷон Иброҳимзода аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд озод карда шудааст.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Шодигул Қонунзода директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» таъин карда шудааст.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет