Таваҷҷуҳи ширкатҳои маъруф ба сохтмони зербинои CASA-1000 дар Тоҷикистон

2017-01-04 07:36:22 | Иқтисодиёт | 0 | 150

tajikistan

Ширкатҳои бузургу маъруфи ҷаҳон барои иштирок дар бунёди зербинои Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) дар қаламрави Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Имсол дар доираи ин лоиҳа оғози сохтмони зеристгоҳи табдили барқ дар Сангтӯда бо иқтидори интиқоли 1300 МВт дар назар аст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳа, Котиботи Шӯрои байниҳукуматии CASA-1000 моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Дубай бо иштирокчиёни имконпазири тендер оид ба интихоби паймонкорони сохтмони зеристгоҳҳои табдили барқ дар Сангтӯда ва Навшаҳри Покистон вохӯрӣ барпо кардааст.

Дар ин вохӯрӣ беш аз 75 нафар намояндагони ширкатҳои гуогуни саросари дунё, аз ҷумла намояндагони ширкатҳои маъруфи истеҳсоли электротехника ва таҷҳизоти энергетикӣ, сохтмони иншооти электроэнергетикӣ аз қабили консерни фаронсавии GE/Alstom, консерни олмонии Siemens, ширкати ABB (Asea Brown Boveri Ltd.)-и Шветсияву Швейтсария, ширкати чинии TBEA (Tebian Electric Apparatus) ва ғайра ҳузур доштаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ доир ба масъалаҳои ҷараёни харид ва амалисозии лоиҳа як қатор қарорҳо қабул шудаанд. Яке аз қарорҳои қабулшуда - дароз кардани муҳлати пешкаш намудани пешниҳодҳои тендерӣ оид ба зеристгоҳҳои табдили барқ то 27 апрели соли 2017 мебошад, то ки ба иштирокчиён барои омода кардани пешниҳодҳо фурсати зиёдтар фароҳам оварда шаваду ба шумори бисёри ширкатҳои дигар низ барои иштирок дар тендер шароити мусоид муҳайё гардад.

Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли гузашта дар доираи амалисозии Лоиҳаи CASA-1000 барои интихоби паймонкори сохтмони зеристгоҳи табдили барқ дар Сангтӯда ва Навшаҳри Покистон тендер эълон шуд. Зеристгоҳи Сангтӯда дар Тоҷикистон ҷараёни тағйирёбандаи барқеро, ки минбаъд ба Афғонистон интиқол дода мешавад, ба ҷараёни доимӣ табдил медиҳад. Ғайр аз ин, сохтмони зеристгоҳи табдили барқ бо иқтидори газронидани 300 МВт дар Кобул низ дар назар аст.

Дар доираи лоиҳа хатти 477 километраи интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи Датка (Қирғизистон) то Хуҷанд сохта шуда, Сангтӯда, Кобул ва Пешовар бо хатти баландшиддати интиқоли барқи 750 километра пайваст мешаванд.

Барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 харҷи 1 млрд. 170 млн. доллари ИМА, аз ҷумла 801 млн. баҳри бунёди зербино ҷиҳати интиқоли барқ ва боз 30 млн. барои дастгирии лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Буҷети тахминии барномаи дастгирии хонаводаҳо дар доираи лоиҳа 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми хароҷоти марбут ба тадбирҳои экологиву иҷтимоӣ 20 млн. доллари ИМА ва хароҷоти ғайримунтазира 145 млн. доллари ИМА арзёбӣ шудааст. Барои пардохти андоз ва фоизҳо зимни сохтмони хатти интиқоли барқ 104 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки Бонки ҷаҳонӣ (дар доираи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд) сармоягузории асосии лоиҳаи CASA-1000 мебошад. Муҳлати анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 муқаррар шудааст.

Дар лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқ барои таҳвили нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст. Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа 12 сентябри соли равон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарони кишварҳои узви лоиҳа доир гардид.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет