“Тоҷиксодиротбонк”: Шартномаҳои амонатии муштариёнро бо шартҳои нав ба расмият медарорем

2017-01-04 07:21:56 | Иқтисодиёт | 0 | 219

tajikistan

“Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, бо пешниҳоди тарофаҳои нав шартномаҳои амонатии муштариёнро бо шартҳои нав ба расмият медарорад.

Торнамои расмии ин ниҳоди молӣ менависад, ин иқдом “бо мақсади амалисозии чорабиниҳо оид ба солимгардонии фаъолияти бонк аз 3 январи соли 2017” роҳандозӣ шудааст. 

“Муштариёнро лозим меояд, ки барои ба расмият даровардани шартномаҳои амонатии худ бо шартҳои нав ба бонки марказӣ ва филиалҳои Бонк дар ҷои хизматрасониашон муроҷиат намоянд”,-хабар медищад манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи мушкили молӣ “Тоҷиксодиротбонк” дар гузашта натавонист амонатҳои муштариёни худро, ки муҳлаташон гузашта буд, баргардонад. Баъд аз анҷоми маъмурияти муваққатӣ, ки 7 моҳ идома кард, Раёсати бонк ваъда дода буд, аз 3 январи соли 2017 баргардонидани маблағҳои амонатии муштариёнро шурӯъ мекунад. Бино ба иттилои торнамои бонк, баргардонидани маблағҳои амонатӣ “бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва тибқи ҷадвали тасдиқшуда” оғоз мешавад. Манбаъ меафзояд, амонатдорон имкон меёбанд, моҳе як бор қисми муайяни маблағҳои амонатии худро бо пули миллӣ ё эквиваленти он бо асъори хориҷӣ дар бонки марказӣ ва филиалҳо дар муддати то як сол бозпас бигиранд. 

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет