Фатвои Шӯрои уламо дар бораи арча ва тӯҳфаҳои солинавӣ

2016-12-30 05:15:00 | Тоҷикистон | 0 | 223

tajikistan

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлили Соли навро ҳамчун як ҷашни қонунӣ мақбул дониста, хариди туҳфаҳои солинавиро барои фарзандон ҷоиз хондааст. 

Ин ниҳод дар посух ба суоли корбарони сомонааш дар мавриди таҷлили Соли нав ва хариди туҳфаҳо ба фарзандон аз нигоҳи шариат изҳор доштааст, ки “албатта хурсанд кардани фарзандон ва харидани туҳфа барои онҳо рӯзи муайян надорад, ҳар вақте ки волидайн дорои шароити хуби молӣ бошанд, метавонанд ба фарзандони худ туҳфаҳо тақдим намоянд. Дар рӯзҳои соли нав ҳам, ҳамчун як иди қонунӣ ба қадри тавоноияш ба фарзандон туҳфае дода, моҳияти соли навро ба онҳо фаҳмонад, хуб мешавад, яъне ҷашни соли нав як одат аст, на ибодат”.

Қаблан Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлили соли нави милодиро, ҷоиз хонда, гуфт, “рафтан ба гирди арчаи солинавӣ инсонро кофир намекунад". Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз сокинони кишвар даъват карда буд, ба фатвоҳои бархе аз руҳониён, ки ба гуфтаи ӯ, фаҳму дарки амиқе аз Қуръону суннат надоранд, гӯш надиҳанд. 

 

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет