Инқилоб пешгирӣ аз финта аст

2016-12-29 06:22:57 | Сиёсат | 0 | 372

tajikistan

Инсон наметавонад табиати сиёсати ривол дар фарҳанги мо мусалмонон ва муносибати салбии он аз ҳар талоше баҳри тағйироти сиёсиро дарк кунад, магар бо нигоҳе ба фитнаи бузурге, ки дар асри якуми ҳиҷрӣ ба вуқуъ омада буд ва бо дарки бартарафшавӣ ва таъсироти ақлӣ ва равонии он. Ин ҷанги хунин ва дохилӣ уммати исломро дар як вазъияти ногувор қарор дод, ки бояд яке аз ин дуро интихоб менамуд: таслим дар баробари зулму ситами сиёсӣ ё аз байн рафтан дар ҷанги дохилӣ.

Ин ҷанг бо муомилаи умумӣ ба поён расид ва он бар асоси ин буд, ки машруъияти қудратро мувақатан қурбон намоянд, бо умеди ин, ки дар кӯтоҳмуддат ба ваҳдати миллӣ бирасанд ва дар дарозмуддат машруъияти сиёсиро барқарор намояд. Аммо  баъди ин муомила, қурбон намудани машрӯъият ба хотири ваҳдат дар фарҳанги сиёсии исломӣ реша давонид, ки то ба имрӯз дигар натавонист аз он берун шавад.

Ҳамон фитнаи бузург даричае буд барои мунтақил шудан аз низоми ахлоқӣ, ки арзишҳои шартномаи сиёсии исломӣ ба шумор мерафт, ба низоми арзишҳои тамоман дигар — низоми соҳибшавӣ ва истибдодӣ. Ва ҳамин аст манзури Молик Бини Набӣ аз кӯчидан аз  “аз фазои Мадина” ба “фазои Димишқ” (Молик Бин Набӣ, Шурути Наҳзат 47). Кӯчонидани маркази давлати Исломӣ аз Мадина ба Димишқ танҳо кӯчонидани ҷуғрофӣ набуд, балки он як таҳаввулоти ахлоқии шомиле буд аз арзишҳои хилофат ба арзишҳои шоҳигарӣ.

Аз тарафи дигар, ин кӯчонидани ҷуғрофӣ низ сабабҳои худро дошт, чунки арзишҳои подшоҳӣ наметавонист дар гаҳвораи Ислом, ки дар он нӯбувват ва хилофат пайдо шуда ба воя расида буданд, реша давонад. Аммо Димишқ ва Бағдод ҷое, ки мусалмонон мероси урфу одатҳои Бизантӣ ва сосониро ба мерос бурда буданд, метавонистанд ин инҳирофот дар арзишҳои сиёсиро бипазирад.

Вақте ошкор гардид, ки каноргирӣ аз машрӯъияти қудрат дар соли ҷамоъат натиҷае надод ва баъди вафоти Муовия кор ба ҷамоъат барнагашт, балки баръакс аз он сӯистифода намуда, онро ба як воқеъияти ҳамешагӣ мубаддал намуданд, ки дар он арзишҳои исломӣ поймол шуданд, дар тамоми гушаҳои сарзамини исломӣ инқилобҳои хунин сар зад. Ҳар яке талош менамуд то арзишҳои сиёсии исломро зинда намоянд ва услуби хилофати рошидинро барқарор намоянд.

Аз қабили ҳамин инқилобҳо инқилоби Ҳусан Бини Алӣ буд алайҳи Язид писари Муовия. Ба таъбири Ибни Арабӣ нқилоби Ҳусайн “барои ҳимояти дин ва барпо намудани ҳақ буд”. (Ибни арабӣ Алавосим 237).

Ҳамчунин инқилоби аҳолии Мадина ки ба ибораи Заҳабӣ “Аз барои Худо қиём намуданд” (Сиёру аъломин нубало 37/4), ки роҳбарии ин инқилобро саҳобии бузургвор Абдуллоҳ бини Ҳанзала ва яке аз тобеъин Абдуллоҳ бини Мутиъ ба зима доштанд.

Яке аз инқилобҳои дигари асри якуми ҳиҷрӣ инқилоби Саҳобӣ Абдуллоҳ бини Зубайр буд, ки тавонист саводи аъзами умматро атрофи худ ҷамъ намояд. Ӯ ва пайравонаш “кори умматро дар Шӯро медиданд” (Таърихи Табарӣ 4/494). Яъне ҳар яки онҳо дар даст лоиҳаи сисёсиеро доштанд, ки ба лоиҳаи ба зӯр азхудкунӣ ва ғасби ҳокимият мухолифат дошт.

Ҳамчунин инқилоби Тавобин бо сарварии саҳобӣ Сулаймон Бини Сард ва инқилоби Фақиҳон бо сарварии Абдураҳмон Бини Ашъас.

Аммо нокомии тамоми ин инқилобҳо дар бозпас гардонидани низоми хилофати рошида, тухми ноумедиеро барои талош баҳри ислоҳоти сиёсӣ, гарчӣ бозгашти он возеҳу равшан аст, дар қалби мусалмон кошт. Ҳамчунин он ҷиноятҳоеро, ки амирони ситамгар амсоли Язид писари Муовия ва Убайдуллоҳ Бини Зиёд ва Ҳаҷҷоҷ бини Юсуф алайҳи инқилобиён раво диданд, ин ноумедиҳоро дар дилҳо бештар намуд.

Аз ҷумлаи ҷиноятҳои онҳо ба қатл расонидани аҳли байти Паёмбар дар Карбало буд ва даст задан ба қатлу куштор дар Мадина дар ҳодисаи Ҳарра ва оташ задани Каъба ҳангоми хомӯш кардани инқилоби Абдуллоз Бини Зубайр, ки дар даврони Язид бини Муовия Каъба бакоми оташ рафт ҳангоме, ки ба Макка аҳли Шом ҳуҷум оварданд. (саҳеҳи Муслим 2/79).

Омили дигаре, ки ноумедиро бештар намуд амалкарди бархе мухолифини сиёсӣ буд амсоли хавориҷ, ки бо баҳонаи раҳо намудани ҷомеа аз зулми сиёсӣ, худи онҳоро мавриди ҳадафи худ қарор доданд. Ҳамчуноне, ки имрузҳо бархе аз ҷамоатҳои салафии такфирӣ, ки на аз фиқҳи шариат хабар доранд ва на аз ҳикмати сиёсӣ бархӯрдоранд ва онҳо ҷои ин, ки алайҳи ҳокимони золим қиём намоянд, алайҳи мардуми мазлум қиём намудаанд.

Ин ҳама омилҳо тарс аз фитнаро ба бемории потолужии равонӣ табдил додааст, ки дар фаҳмиши фиқҳи исломӣ машруъиятро қурбони ваҳдати тахайюлии саропо мабнӣ бар зулму ситам намудааст. Чӣ қарордоди зиёноварест ин. Доктор Ризвон Ассайид оқибати онро дарк намуда, чунин мегуяд “Қазияи ваҳдат худ қазияи Ислом аст ва ҳеҷ тасаввур карда намешавад, ки он аз қазияи шаръӣ (сиёсӣ) ҷудо бошад. (Ризвон Ассайид, Ал уммат ва ал ҷамоат вассулулта 143).

Дар воқеъ, бархе аз амирони ситамгар фитнаро ба таври васеътар таъриф намудаанд, ба андозае, ки ҳар мавқеъи интиқодӣ ва ё насиҳатгароёна алайҳи равона шудан ҳамроҳ бо корвони золимон ва ё бад нишон додани зулму ситами онҳо шомили он мегардад . Ҳаҷҷоҷ Бини Юсуф яке аз пешоҳангони ин намуд таърифи фитна мебошад, ки ба гуфтаи ӯ фитна шомили ҳар гиллаест, ки мардум миёни худ мекунанд, ҳар шикоятест ки мардум барои аз даст рафтани ҳуқуқи худ мекунанд ва ҳар суханрониест дар мавриди ғаму андӯҳи мардум.

Шезрӣ мегуяд: “Абдумалик Бини Марвон номае ба Ҳаҷоҷ навишт ва аз ӯ хост то фитнаро барояш тавре васф намояд, ки гуё  бо чашм дида истода бошад. Ҳаҷоҷ дар посух ба ӯ чунин навишт: Фитна бо гила бордор мешавад ва бо шикоят ҳосил медиҳад ва онро хатибон мехезонанд ва дарави он бо шамшер аст. (Шерзӣ Алманҳаҷул маслук фи сиёсатил мулук 559).

Бисёре аз султонҳо ва донишмандонашон дар таърифи фитна роҳи Ҳаҷоҷро интихоб карданд ва фитнаро васеътар таъриф намуданд. Имрӯзҳо мебинем касонеро, ки тазоҳуроти мусолиматомезро фитна меноманд ва навиштаҳои интиқодиро нисбат ба зулми сиёсӣ фитна меноманд ва ҳатто насиҳати ошкоро ба ҳокимонро низ фитна меҳисобанд. Аммо бо назар кардан дар таърихи чордаҳ асри ислом чунин бар меояд, ки ҳеҷ фитнае болотар аз зулм вуҷуд надорад. Инро Шаҳид Ҳусайн Писари Алӣ ба хубӣ дарк намуда буданд вақте ба Муовия номае фиристода, дар он чунин гуфтанд: “Ман фитнаеро болотар аз ин намебинам, ки роҳбарии ин умматро ту ба зимма гирифтаӣ” (Ибни Асокир, Таъриху Мадинати Димишқ 14. 206).

Ҳамчунин ду тан аз донишмандони сиёсии мусалмон пай бурданд ки зулм ва беадолатии сиёсӣ асл ва сарчашмаи ҳама намуд фитнаҳо мебошанд. Якеи онҳо Ибни Таймия мебошад, ки дар таълиқи ояи каримаи “Ва бипарҳезед аз фитнае, ки танҳо барои ононе, ки аз Шумо зулм кардаанд, намерасад” (сураи Анфол ояти 25) чунин мегӯяд: Золим зулм мекунад ва сипас бар сари мардуме ки зулм накардаанд фитнае меояд ва дар ин сурат онҳо аз бартараф кардани он фитна оҷиз мемонанд. Баръакс агар онҳо он зулмро аз аввал манъ менамуданд, омили фитна низ бартараф мешуд. (Ибни Таймия, Минҳоҷус суннат 3/323).

Нафари дигар, донишманди сиёсии муосир Абдураҳмони Кавокибист, ки мегӯяд: “Гоҳо зулму ситам ба ҳадде мерасад, ки дар натиҷа табиатан фитна мунфаҷир мешавад” (Кавокибӣ Табоиъул истибдод 180).

Ҳамин тариқ Ибни Таймия ва Кавокибӣ бо он донишу заковати сиёсии худ дарк намуданд, ки асли дард зулму ситами сиёсист ва пеши роҳи золимро аз ибтидо гириифтан тамоми ҷомеаро аз фитнаҳои иҷтимоӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ медорад.

Фитна дар истилоҳи қуръонӣ ба маънои “Азияти мусалмонҳост ба сабаби боз доштани онҳо аз ончи ба ҳақ буданаш эътиқод доранд ва ё монеа шудан аз идома додани ақидаи онҳост” (Абузаҳра, Заҳрату тафосир 6/3127).

Пас чунин бар меояд, ки бархӯрди мардум бо ситами золлимон фитна нест ва ҷанги мардум бо ҳокиме, ки онҳоро мекушад фитна нест ва инқилоб ҳам фитна нест, балки инҳо ҳама васоиле мебошанд барои пешгирии фитна ва илоҷи он. Муборизаи машрӯъ худ барои муҳофизат аз фитна ва бастани дарвозаи он аст. Чунончи ошкоро дар ин ояти карим омадааст “Ва бо онҳо биҷангед то ки фитнае сар назанад” (сураи Анфол ояти 39).

Зулм сабуктарини ду зарар нест ва аз ду бадӣ беҳтараш ҳам нест, чунончи бархе аз фақиҳони дарбории чоплус ва ғафлатзада мехоҳанд моро қонеъ кунанд. Балки дар воқеъ зулм асл ва решаи фитна аст ва омилест, ки саранҷом ба фитна мерасонад. Зулм ҷанги шаҳрвандиии давомнок аст ва вулқони нуҳуфтаест, ки аз хуну ҷасадҳо қувва мегирад. Пас бояд миллатҳое, ки барои дарёфти озодии худ бепарвоӣ мекунанд ва дар баробари зулм сар хам мекунанд омода бошанд, ки дер ё зуд гирифтори оташи ҷанги шаҳрвандӣ хоҳанд шуд. Уммати мо дар баробари зулми сиёсӣ муддатҳост, ки хомӯшанд ва онҳо гуноҳи ин хомӯшии худ дар баробари зулму ситам ва тамоюл тарафи золиминро имрӯзҳо бо хуни хеш мешуянд.

 Муҳаммад Мухтор Шанқитӣ

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет