Боздошти гурӯҳи одамрабоён дар Ҳинд

2016-12-29 06:17:18 | Қонун | 0 | 124

tajikistan

Мақомоти полиси Ҳиндустон ҳини як амалиёт дар Чхаттисгарҳ дасти кам 70 нафарро аз одамрабоён озод намуданд. Бино ба маълумоти расонаҳои ҳиндӣ 33 нафари онҳо  нобилиғон мебошанд.

Намояндаи Раёсати ҳифзи кӯдакон Виҷай Шанкар Шарма ба расонаҳо гуфтааст, ҳамаи онҳо барои ғуломӣ фурӯхта шуда, дар корҳои вазнини ҷисмонӣ ҷалб мегардиданд. Акнун кӯдакон дар марказҳои барқарорсозӣ ҷой карда шуда, баъдан ба оилаҳояшон баргардонида мешаванд.

Бино ба қавли у кормандони мақомоти полис пас аз гирифтани маълумот ҷинояткоронро ҳангоми таҳвили гурӯҳи одамон тариқи автобус дар яке аз роҳҳо боздошт намуданд. Вобаста ба ин 5 пайрави гурӯҳе, ки ба фурӯши одамон машғул буданд, боздошт гардиданд

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет