Русиягиҳо ба кадом раисҷуҳури кишварҳои узви ИДМ бештар эътимод доранд?

2016-12-29 06:16:08 | Ҷомеа | 0 | 264

tajikistan

Бо баргузор сохтани як назарсанҷӣ Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма (ВЦИОМ) ба хулосае омадааст, ки дар соли 2016 назар ба як соли қабл эътимоди бошандагони Руссия ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст.

Назарсанҷии моҳи декабри соли равон нишон додааст, ки 4 дарсади мардуми Руссия ба “Пешвои милати тоҷикон” боварӣ доранд. Таъкид мегардад, ки моҳи декабри соли гузашта ин нишндод 1 фоизро ташкил менамуд. Дар назарсанҷӣ омилҳои кам ё зиёд гардидани этимоди мардум ба ин ё он президенти собиқ кишварҳи пасошӯравӣ пурсида нашудаанд ва ин аст, ки сабабҳои ба се зина болоравии боварии русиягиҳоро ба Эмомалӣ Раҳмон низ шарҳ додан имконнопазир аст.
Дар ҳамин ҳол назарпусии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма нишон додааст, ки бошандагони қаларави Руссия аз ҳама бештар ба Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус эътимод доштаанд ва ӯ 65 дарсади ороро соҳиб шудааст. Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон бо 54% дар ҷои дуюм қарор дорад. Ба раисҷумҳурони дигар мардуми Руссия аз 2 то 11 фоиз боварӣ доштаанд ва дар хулосаи Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма омадааст: “Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон — 11%, Серж Саргсян, раисиҷумҳури Арманистон — 8%, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон — 6%, Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ва Игор Додон, раҳбари Молдова-5 фоизӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон-4 фоизӣ, Георгий Маргвелашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон — 3% ва ба Пётр Порошенко — 2 дарсад” ба боварии мардуми рус соҳиб будаанд. 
Дар назарсанҷӣ боз пурсида шудааст, ки дар кадом кишвари ИДМ таъмини ҳуқуқи аҳолии русзабон бештар аст? Натиҷаи назарсанҷӣ ба тариқи зайл раддабандӣ шуда, ки дар “Беларус-69%, Қазоқистон-38%, Арманистон-13%, Украина -6%, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдова, Ӯзбекистон-5 фоизӣ, Гурҷистон, Тоҷикистон-4 фоизӣ ва Туркманистон-2%” ҳуқуқи аҳолии русзабон риоят мегардидааст.
Таъкид бояд кард, ки аҳоли Россия бештар кишварҳои Белорусу Қазоқистонро дар байни дигар ҷамоҳири ИДМ муваффақтарин хондаанд ва дар арсаи байналмиллалӣ аз шарикони беҳтарини кишварашон унвон кардаанд.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет