Дар Иркутски Русия 60 нафар аз нӯшидани маҳлул барои ҳаммом ҷони худро аз даст доданд

2016-12-29 06:15:07 | Ҷомеа | 0 | 144

tajikistan

Дар шаҳи Иркутски Русия беш аз 100 нафар дар натиҷаи нӯшидани маҳлул барои ҳаммом бо номи “Бояришник” заҳролуд гашта, 60 нафари онҳо ба марг мувоҷеҳ шудаанд.

Аз заҳролудшудагон танҳо 5 нафарашон аз беморхона рухсатӣ шуда, ҳудуди 40 нафари дигар онҷо қарор доранд.  Заҳролудшавӣ аз “Бояришник” рӯзҳои истироҳат сурат гирифтааст. Расонаҳои русӣ гузориш додаанд, ки ин маҳлули ҷаълӣ (контрафакт) аз тарафи гурӯҳе сохта шуда ба мағозаҳо роҳ ёфтааст. Баъди тадқиқ аз он спирти метилӣ ва антифриз пайдо шудааст.

Ҳар сол дар Русия тибқи иттилои Маркази тадқиқоти бозорҳои алкули федеролӣ ва минтақавии ин кишвар, 600 миллион литр маводҳои техникиву косметикии спиртдор аз тарафи аҳолӣ ба ҷои алкул истеъмол мешавад. Бинобар гаронии нархи алкул 10-15 миллион нафар ё ҳудуди 10 дарсади аҳолии ин кишвар аз ингуна маводҳо истифода мекунанд.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати истеъмоли Русия (Роспетребнадзор) танҳо дар соли 2015 беш аз ним миллион аҳолии ин кишвар аз бемориҳои вобаста ба истеъмоли алкул ҷон бохтаанд. Сабаби беш аз 60 дарсади маргҳо дар ин кишвар ҳам алкул хонда шудааст.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет