Президент мардумро бо рӯзи “худаш” табрик кард

2016-12-29 05:49:31 | Сиёсат | 0 | 236

tajikistan

Нурсултон Назарбоев мардуми Қазоқистонро бо Рӯзи Президенти нахустин табрик кардааст. 

Ӯ аснои суханронӣ дар Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон дар Остона гуфта, “тамоми инҷо гирдомадаҳо ва тамоми ҷавонони Қазоқистонро бо ифтитоҳи форум ва Рӯзи Президени нахустин шодбош мегӯям. Имрӯз дар таърихи мардуми мо ҳамчун санаи бузурге сабт шудааст, ки қазоқистониҳоро муттаҳид кард, бори аввал дар таърих Сарвари давлат тавассути интихоботи демократӣ баргузида шуд. Шуморо бо Рӯзи Президенти нахустин ва 25-солагии Истиқлол табрик мекунам”.

Якуми декабр дар Қазоқистон ба хотири Рӯзи Президенти нахустин истироҳат эълон шудааст. 25 сол пеш дар ҳамин рӯз (соли 1991) Нурсултон Назарбоев бо касби 98,7 дарсади раъйи овоздиҳандаҳо Президенти Қазоқистон интихоб шуд. 

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет