Иқдоми сарояндаҳои эстрада барои қироати Қуръони карим

29-12-2016 | Дин | 0 | 400

tajikistan

Талант Канатбек, овозхони маъруфи қирғиз корзори қироати ояҳо аз китоби муқаддаси мусалмонҳоро миёни ситораҳои эстрадаи Қирғизистон ба роҳ андохтааст. 

Канадбек бо шурӯи ин корзор гуфта, ки “эстафета”-ро ба Турдакун Ниёзалиев, овозхони дигари қирғиз медиҳад. Ба дунбол Ниёзалиев дар як навори видеоӣ Қуръон тиловат карда, аз тамошобинон хостааст, ӯро зиёд қазоват накунанд, “зеро касоне, ки ҳофизи Қуръон нестанд, метавонанд иштибоҳ кунанд”. 

Ба гуфтаи вай, иштирок дар ин корзор онҳоро таҳрик медиҳад, каме хондани Қуръонро биомӯзанд ва дарк кунанд. 

Турдакун Ниёзалиев аз Умар Жанишев, сарояндаи дигар даъват кардааст, ин корзорро идома бидиҳад.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика