Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентӣ 8 рақиб дорад

29-12-2016 | Ҷаҳон | 0 | 254

tajikistan

Барои курсии раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон нуҳ нафар мубориза мебаранд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар ба ҳамаи ин нафарон ҳуҷҷати номзадиро тақдим кардааст ва онҳо расман вориди корзори интихоботӣ шудаанд. 

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури амалкунандаи Туркманистон аз номзадҳои асосии ин маъракаи сиёсӣ мебошад. Ӯ 25 декабр аснои ироаи барномаи интихоботиаш тариқи телевизион гуфтааст, фурсати боқимондаи эфири телевизионро ба рақибонаш медиҳад.

Интихоботи президентӣ дар Туркманистон 12 феврал баргузор мешавад.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика