Эълони исми беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2016

2016-12-29 05:31:48 | Варзиш | 0 | 255

tajikistan

Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари тими “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон беҳтарин бозигари соли 2016 эътироф гардидааст. 

Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, Ҷалилов, ки соли гузашта ҳам беҳтарин бозигар эълон шуда буд, дар мусобиқоти имсолаи футбол 22 гол задааст. 

Манбаъ мегӯяд, унвони беҳтарин бозигар миёни кӯдакони то 13–соларо Салоҳиддин Иргашев аз тими “Солор” ба худ ихтисос додааст: “Беҳтарин бозигар миёни кӯдакон (U-15) – Абдузоҳид Каримов (РШВСМ), Беҳтарин бозигар миёни наврасон (U-17) – Шаҳзод Раҷабов (“Истиқлол”), Беҳтарин бозигар миёни ҷавонон (U-19) – Эҳсони Панҷшанбе (“Истиқлол”), Беҳтарин мураббии кӯдакон – Исмоил Саидов (“Авиатор”) эълон шуданд”. 

Ҷоизаи “Чеҳраи сол” насиби Ваҳдат Ҳанонов аз тими “Барқчӣ”, унвони беҳтарин зани футболбоз насиби Шукронаи Ҷумъахон аз “Ласточка” шудааст: "Беҳтарин мураббии футзал – Хуршед Пиров (“Газпром”), Беҳтарин бозигари футзал – Фирӯз Бекмуродов (“ДИСИ Инвест”), Довари ояндадор – Вафо Қараев (Шаҳринав), Беҳтарин бозигари дублёрҳо – Шериддин Бобоев (“Истиқлол”), Беҳтарин мураббии мусобиқаи дублёрҳо – Олим Қадамшоев (ССКА “Помир”), Беҳтарин бозигари лигаи аввал – Абдухалил Боронов (“Панҷшер”), Беҳтарин мураббии лигаи аввал – Тухтабой Абдураҳимов (“Панҷшер”) дониста шуданд”. 

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет