Дастрасии озод ба сайтҳои “блок”-шуда дар Узбакистон

2016-12-29 05:29:56 | Ҷаҳон | 0 | 131

tajikistan

Тамоми сомонаҳои масдудшуда дар Узбакистон имрӯз, 29 декабр бидуни анонимайзер ва филтиршиканҳо дастрас шудаанд. 

Бино ба иттилои ca-news, сомонаҳое монанди Uzmetronom, бахши узбакии Бӣ-бӣ-сӣ, Садои Амрико, Радиои Озодӣ, AsiaTerra, торнамоҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ (HRW, Amnesty International, Хабарнигорони бидуни марз) ва даҳҳо торномаҳои дигар, ки солҳои тӯлонӣ барои истифодабарандагони интернет дар ин кишвар масдуд буданд, боз шудаанд

Манбаъ мегӯяд, ҳоло рушан нест, ки мақомот ба ин иқдом даст задаанд ё системаи масдуд кардан аз кор мондааст.

Бештари сомонаҳо, ки аз воқеияти Узбакистон матолиби интиқодӣ нашр мекарданд, соли 2005 баъди ҳаводиси хунини Андиҷон дастнорас шуданд. 

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет