Раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистон боздошт шуд

29-12-2016 | Минтақа | 0 | 278

tajikistan

Нартай Дутбаев, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти Қазоқистон барои ифшои сирри давлатӣ ва сӯистифода аз мақом айбдор мешаванд.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии КДАМ Қазоқистон, Дутбаев Нартай, Ҳасан Нурлан Болатулӣ ва Нуртаев Ерлан 26 декабри соли равон боздошт ва дар пайи кофтукоби манзилҳояшон далелҳои шайъӣ пайдо шудааст. Дастгиршудаҳо феълан дар боздоштгоҳи муваққатии кумита нигаҳдорӣ мешаванд.

Нартай Дутбаев аз декабри соли 2001 то 22 феврали солти 2006 раиси Кумитаи давлатии амнияти Қазоқистон буд. Вай баъди он ба истеъфо рафт, ки даст доштани кормандони ниҳоди зери раҳбарияш дар қатли раҳбари мухолифон Алтинбек Сарсенбоев ошкор шуд.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика