ВКД: Аз хориҷ ба Тоҷикистон рублҳои қалбакӣ ворид кардаанд

2016-12-29 05:10:09 | Иқтисодиёт | 0 | 148

tajikistan

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ бо рублҳои қалбакӣ муттаҳам мешаванд. 

Тибқи иттилои ин ниҳод дастгиршудаҳо рублҳои қалбакиро аз хориҷ вориди Тоҷикистон карда, ҳангоми боздошт аз онҳо беш аз 90 ҳазор рубли қалбакӣ мусодира шудааст. 

Манбаъ аз дастгиршудаҳо Бобоҷон Шоҳумаров ва Иброҳим Қосимов ном бурда, афзуд, ки онҳо то боздошт 15 ҳазор рублро ба муомилот баровардаанд: “Феълан нисбати гумонбарон бо моддаи 281-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад”.

Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват карданд, ки асъорӣ хориҷиро дар бонкҳо иваз ва ё харид кунанд.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет