Туҳфаҳои солинавии президент ба ҳайати шахсии Вазорати мудофиа

29-12-2016 | Тоҷикистон | 0 | 305

tajikistan

Ба тамоми ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, курсантҳои муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, оилаҳои сарбозону афсарони зимни иҷрои қарзи ҳарбӣ ҳалокшуда аз номи Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим карда мешаванд.

- Барои дастурхони идона дар қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таълимӣ президенти Тоҷикистон беш аз 80 тонна маҳсулоти ғизойӣ, аз ҷумла гӯшту биринҷ, сабзавоту мева, макарону консерва, ширқиём, равған ва шириниҳои гуногун ҷудо кард, - хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин аз номи сарвари давлат ба беш аз 10 ҳазор нафар сарбозон туҳфаҳои солинавӣ супурда мешаванд. «Комиссияи бо супориши вазири мудофиа таъсисёфта имрӯз бояд ба қисмҳои ҳарбӣ дар тамоми минтақаҳо расонидан ва тақдими туҳфаҳоро ба итмом расонад», - иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, бо дастури президент ба ятимоне, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, кумакпулии якдафъаина дода мешавад.

 

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика