Тавоноии Тоҷикистон барои бозпардохти қарзҳои хориҷӣ

2016-12-29 04:50:07 | Иқтисодиёт | 0 | 143

tajikistan

Ба гузориши сойти Азия Плюс, хонум Муаззама Назриева, мудири идораи умури молӣ ва омори Вазорати молияи Тоҷикистон ин матлабро дар мизи гирди баррасии буҷаи давлати ин кишвар, барои соли 2017 эълом кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2016 ба 2 миллиарду 300 миллион доллар расида, ки баробар бо 33 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар мебошад. Ба гуфтаи ин мақоми давлатӣ агар мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба 40 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар баробар мешуд, ин нишон диҳанда ҳадди ниҳоӣ ба ҳисоб меомад, ки дигар ин ҷумҳурӣ наметавонад аз хориҷ қарз дарёфт кунад.

Аз ин мизон қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион доллар қарзҳо ва эътибороти молии Чин мебошад, ки бузургтарин сармоягузори хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар ба ҳисоб меояд. Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ 305 миллион доллар, Бонки Рушди Осиё 262 миллион доллар ва Бонки Рушди Исломӣ 108 миллион доллар қарздор аст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои бозпардохти қарзҳои хориҷии ин кишвар дар соли 2017, маблағи беш аз 145 миллион доллар ихтисос додааст..

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет