Музди маоши муҳоҷирони меҳнатӣ ба маблағи 40 миллиону 700 рубл пардохт гардид

29-12-2016 | Муҳоҷир | 0 | 287

tajikistan

Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират маоши Хуршеда Отамбекова, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра пардохт гардид. Номбурда тӯли як моҳ дар яке аз ширкатҳои поксозии шаҳри Москва кор кардааст, аммо бо сабабҳои номаълум ширкати мазкур зиёда аз 6 моҳ маоши ӯро пардохт накардааст. Баъди муроҷиати Хуршеда Отамбекова ба Намояндагӣ кормандони мақомоти мазкур расман ба роҳбарияти ин ширкат оид ба вайрон намудани талаботи Кодекси меҳнати ФР муроҷиат намуданд. Дар натиҷа ин мушкили муҳоҷири меҳнатӣ осон гардид.
Дар ин бора Иброҳим Аҳмадов, сардори Хадамоти матбуоти Намояндагии мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар соли 2016 ба Намояндагӣ зиёда аз 450 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ба таври инфродӣ ва дастаҷамъона оид ба сари вақт пардохт нагардидани музди маошашон аз ҷониби корфармоён муроҷиат намуданд. Баъди муроҷиати онҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират дар соли сипаришуда музди маоши пардохтнагаштаи онҳо ба маблағи 40 миллиону 700 рубл пардохт гардид.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика