ОМОН ба “шикор”-и муҳоҷирон баромадааст

28-12-2016 | Муҳоҷир | 0 | 344

tajikistan

Неруҳои таъиноти вижа ё ОМОН-и Русия дар бозори “Восточний”-и маҳаллаи Верхний Темерники шаҳри Ростови лаби Дон, ки онҷо асосан муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Ветнам фаъолият мекунанд, ба амалиёт оғоз кардаанд. 

Бино ба иттилои торнамои “Деловой квартал”, ин амалиёт соати нуҳи субҳи душанбе шурӯъ гардида, кормандони пулис тамоми роҳҳои вурудиву хуруҷиро баста, кормандони бозорро мавриди тафтиш қарор додаанд.

Николай Морячков, сухангӯи раёсати “Росгвардия” дар Ростов амалиёти ОМОН ва “Росгвардия” дар бозори “Восточний”-ро “чорабинии фавриву профилактикӣ ба хотири ошкор кардани мавридҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират” унвон кардааст. 

Расонаҳо менависанд, дар бозори “Восточний” ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба тиҷорат, ҳаммолӣ, роҳрӯбӣ ва ошпазӣ машғуланд.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика