Дар Мосул ёрдамчии роҳбари ДИ дастгир карда шуд

2016-12-27 23:56:48 | Амният | 0 | 155

tajikistan

Дар Мосули Ироқ яке аз ёрдамчиёни роҳбари гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) Абубакр ал-Бағдодӣ дастгир гардид. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизиони «Ас-Сумария» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои шабака, ҷангӣ бо номи Абухорис ал-Матюти дар соҳили чапи дарёи Даҷла дар маҳаллаи Бакр дар асорати ҷанговарони воҳиди зиддитеррористӣ мебошад. Ҳамроҳи ӯ 14 ҷангии дигар, ки ба ҷамъоварии маълумоти иктишофӣ машғул буданд, дастгир шуданд. Барои пайдо ва дастгир намудани онҳо сокинони маҳаллӣ кумак расондаанд.
Чанде пеш ВАО иттилоъ дода буданд, ки худи ал-Бағдодӣ ё дар Мосул ё дар марз бо Сурия аст ва ё ба шаҳри Раққаи Сурия фирор кардааст. Илова бар ин, дар бораи ҷароҳат бардоштан ё марги ӯ борҳо иттилоъ расида буд.
Марҳилаи заминии амалиёти озоднамоии Мосул, ки истеҳкомоти ДИ дар Ироқ маҳсуб мешавад, аз 17 октябр инҷониб идома дорад.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет