Коркарди технологияи гирифтани алюминий аз гилхоки Дарвоз

2016-12-27 23:41:27 | Тоҷикистон | 0 | 184

tajikistan

Геологҳои тоҷик технологияи гирифтани гилхок аз маъдани мусковитии кони Курговад дар ноҳияи Дарвозро коркард намуданд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Садриддин Шарипов, бо мақсади гирифтани ашёи хоми аввалия барои истеҳсоли алюминий аз маъданҳои кони Курговад мутахассисони Саридораи геологияи назди ҳукумат таҳқиқот гузаронидаанд.

«Дар натиҷа аз ин маъданҳо оксиди алюминий гирифта шуда, тарҳи технологии ҷудо шудани алюимний таҳия шуд», - гуфтааст Шарипов рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар музокироти кушоди парлумонӣ.

Дар маҷмӯъ, зикр кардааст ӯ, бо мақсади иҷрои ин самт корҳои ҷустуҷуи ашёи алюминийдор дар Помири Ғарбӣ (ноҳияи Дарвоз) дар се минтақаи алоҳида (Бодомдара, Зонг ва Курговат) гузаронида шуданд.

- Аз ин минтақаҳо минтақаи Курговат ояндадор ҳисобида шуда, қабатҳои варақсангҳои кварс-мусковитдор байни дарёҳои Удуга ва Пошхарв ҷойгир шудаанд. Файзнокии мусковит 50 — 60%, кварс 20 — 25%, ставролит 20 — 25% — ро ташкил медиҳад. Захираҳои пешгуфтаи окиси алюминий бо категорияи P1 — 1 558 639 335 тонн ҳисоби шудааст, - иброз доштааст вакили парлумон.

Шарипов бар ин назар аст, ки минбаъд нархҳои ҷаҳонӣ ба гилхок боло мераванд. «Бокситҳои баландсифат (ашё барои истеҳсоли гилхок) дар давлатҳои Австралия, Гвинея, Бразилия (71,2% истихроҷи бокситҳо дар ҷаҳон) ва Ямайка, Суринам, Гайана (15,5% истеҳсол карда мешаванд, ки дастрас карданаш барои Тоҷикистон душвориҳо дорад. Аз ин рӯ, имрӯз тақозои замон аст, ки дар Тоҷикистон маъдани хокаи алюминийдор омӯзиш, кашф ва мавриди истифода қарор дода шавад», - қайд кардааст ӯ.

 

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет