Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон

2016-12-27 23:31:31 | Иқтисодиёт | 0 | 123

tajikistan

Қурби рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон майли болоравӣ дошта, арзиши доллар бетағйир мондааст. 

Бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, 26-уми декабр қурби 1000 рубли русиро 126-128 сомонӣ муайян кардаанд, ки нисбат ба нишондоди аввали моҳ 6- 7 сомонӣ бештар мебошад. 

Бонкҳои кишвар қурби 1 доллари амрикоиро то 7,88-7,90 сомонӣ муқаррар намудаанд, ки бетағйир боқӣ мондааст. 

Қурби расмии рубл ва доллар имрӯз, 26-уми декабр дар сомонаи Бонки миллӣ мутаносибан 0,1266 ва 7,8779 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки Миллӣ қурби як евроро 8,2253 сомонӣ муайян намудааст. 

Ин ниҳод шаҳрвандонро огоҳ кардааст, ки берун аз намояндагиҳои бонкҳою банкоматҳо мубодилаи асъори хориҷӣ мамнуъ буда, ҷазои маъмурию ҷиноиро дар пай дорад.

 

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет