“Беш аз 40 миллиони муҳоҷиронро аз корфармоҳо баргардондем”

27-12-2016 | Муҳоҷир | 0 | 256

tajikistan

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шурӯъ аз моҳи январ то ин ҷониб бо кумаки онҳо зиёда аз 40 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ ҳақмузди муҳоҷирон баргардонида шудааст. 

Аҳмад Иброҳим, сухангӯи ин намояндагӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, имсол шумораи шикояти муҳоҷирон таъхир ё нагирифтани музди меҳнат зиёд шудааст: “Сабаби асосии чунин баҳсҳои корфармо бо муҳоҷирон мушкилоти молиявии ширкатҳо мебошанд”. 

Ҷаноби Аҳмадов афзуд, аз моҳи январ то инҷониб аз минтақаҳои гуногуни Русия дар маҷмӯъ 450 шикояти инфиродиву гуруҳӣ дар мавриди пардохт накардани маош ба дасти онҳо расидааст ва кормандони намояндагӣ талош кардаанд, то муҳоҷирон ҳақмузди худро дарёфт кунанд: “Бори охир 21 декабр намояндагӣ ба Хуршеда Отамбекова дар гирифтани маошаш ёрӣ дод. Ӯ беш аз шаш моҳ музди меҳнати худро нагирифта буд ва моҳе пештар ба намояндагӣ муроҷиат намуд”. 

 

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика