Музокира барои роҳандозии хатти оҳани Эрон-Тоҷикистон-Туркманистон-Қазоқистон

2016-12-27 23:26:16 | Минтақа | 0 | 171

tajikistan

Муовини мусофирии Ширкати роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон аз музокира барои барқарории иртиботи рейлӣ байни Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳамсу бо дастовардҳои сафари раисҷумҳур ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.

Яке аз барномаҳои ҷумҳурии исломии Эрон густариши иртиботи рейлӣ бо кишварҳои минтақа бавижа Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст, то ба ин васила интиқоли коло байни Осиё ва Аврупо сурат гирад .

Ба гузориши имрӯзи пойгоҳи хабарии Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон, Мирҳасани Мусавӣ, муовини мусофирии Ширкати роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард: Музокираи мудирони рейлии Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон дар бахши байналмилал дар дастури кор қарор гирифтааст ва ҷаласаи баъдии масъулони роҳи оҳанҳои ин кишварҳо то 6 моҳи дигар баргузор мешавад .

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет