АМАЛИЁТИ ЗИДДИ МУҲОҶИРОН ДАР БОЗОРИ РОСТОВ

2016-12-27 23:14:19 | Муҳоҷир | 0 | 239

tajikistan

Бино ба гузориши сомонаи маҳаллии “Деловой квартал”, субҳи 26 декабр чанд мошин бо нирӯҳои ОМОН ба бозори “Восточний” дар маҳаллаи Верхний Темерники шаҳри Ростови лаби Дон рехтаанд. Дар ин бузургтарин бозори ин шаҳри ҷануби Русия асосан муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қирғизистону Узбекистон ва аз Ветнам кор мекунанд. Тоҷирони бозор ба хабарнигори “Деловой квартал” гуфтаанд, нирӯҳои ОМОН соати нӯҳи субҳ вориди бозори “Восточний” шуда, ҳама роҳҳои вуруду хуруҷро бастанд ва тамоми онҳоеро, ки дар бозор кор мекунанд, тафтиш доранд.
Сухангӯи раёсати Росгвардия дар Ростов Николай Морячков бо тасдиқи хабари амалиёт дар Верхний Темерник гуфтааст, мақомоти пулис вва Росгвардия дар бозори “Восточний” “чорабиниҳои фавриву профилактикӣ ба хотири ошкор кардани мавридҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва вайрон кардани қонунҳои муҳоҷиратро доир мекунанд.”
Бино ба оморҳо, дар ин бозор то 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба тиҷорат, ҳаммолӣ, роҳрӯбӣ ва ошпазӣ машғуланд.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет