ДАЪВАТИ Э.РАҲМОН БА БЕКОР КАРДАНИ ВИЗА БО УЗБЕКИСТОН

2016-12-27 23:12:49 | Тоҷикистон | 1 | 373

tajikistan

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Узбекистон хост, низоми визаашро бекор ё соддатар карда, табодули нирӯи барқро бо Тоҷикистон аз нав ба роҳ монад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 декабр дар мулоқот бо Рустам Азимов, муовини сарвазири Узбакистон хостори беҳбуди муносибатҳои Душанбеву Тошканд шуд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот бо истиқбол аз тавофуқ дар мавриди азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо байни Тошканду Душанбе гуфтааст, ки Тоҷикистон хостори беҳбуди муносибатҳо бо кишвари ҳамсоя буда, аз ҷумла мехоҳад, ки табодули нирғи барқ байни ду кишвар аз нав ба роҳ монда шуда, Узбекистон низоми виза ё раводидашро бо Тоҷикистон бекор ваё ҳадди ақал сода кунад.

Дар хабари расмии дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар ин робита гуфта мешавад: "Тоҷикистон аз ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду давлат ба хушнудӣ истиқбол менамояд, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки кишвари мо хостгори дар оянда беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи нерӯи барқ, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, бекор кардан ё содда гардонидани низоми раводидии рафтуомади шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад.”

Рустам Азимов рӯзи 27 декабр дар садри як ҳайъати баландпояи ҳукумати Узбекистон барои ширкат дар ҷаласаи навбатии кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон вориди Душанбе шуд. Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин музокирот муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саид раҳбарӣ мекунад.

Рустам Азимов ҳамроҳаш як ҳайъати бузург, бо шумули муовинони вазирони хориҷа, равобити иқтисодии хориҷӣ, сармоягузорӣ ва савдо, кишоварзӣ ва хоҷагии об, муовини раиси гумрук ва дигар мансабдорони баландпояро ба Душанбе овардааст.

Дар ҷараёни музокираҳо баррасии масоили муҳиме, чун афзоиши табодули молҳои саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳоти нақлиёту мухобирот ва гумрук дар назар гирифта шудааст. Аммо ду масъалаи калидие, ки дар ин даври музокироти Душанбеву Тошканд метавонанд ҳал шаванд, аз сар гирифтани равуои қаторҳои роҳи оҳан ва автобусҳо байни ду кишвар ва сабуктар кардани тартиби дарёфти визаи Узбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Дар масъалаи виза аз ҷумла интизор меравад, ба мусофирони парвозҳои Душанбе – Тошканд имкони дар фурудгоҳи пойтахти Узбекистон гирифтани визаи он кишвар дода шавад.

Дар моҳи ноябр мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе ба протоколе имзо карданд, ки тибқи он, бояд аз моҳи январи соли 2017 парвозҳо байни пойтахтҳои ду кишвар баъди 24 сол аз сар гирифта шаванд. Узбекистон ҳанӯз дар соли 1992, бо оғози ҷанги шаҳвандӣ дар Тоҷикистон парвозҳо бо ин кишвари ҳамсояро қатъ карда буд.

Ҳамчунин дар ибтидои соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузории намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои Узбекистон дар назар гирифта шуда, дар анҷоми он барои нахустин бор ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар доир карда мешавад.

Ин нахустин музокироти ду кишвар дар чунин сатҳ баъди даргузашти раисиҷумҳури собиқи Узбекистон Ислом Каримов ба мақоми раҳбари аввали ин кишвар расидани Шавкат Мирзиёев мебошад. Ба ақидаи аксар, Мирзиёев ба фарқ аз Каримов бо раҳбарони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ҳадди ақал то ҳанӯз кадом мушкилоти шахсӣ надорад ва ин метавонад заминаи хубе барои ҳалли мушкилоти ҷамъшуда дар равобити Тошканд бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Душанбе шавад.

Яхи равобит байни Узбекистону Тоҷикистон баъди ду даҳсолаи танишҳои мудавом баъди даргузашти Ислом Каримов батадриҷ рӯ ба об шудан овард.

Узбекистон соли 1992 парвозҳо бо Тоҷикистон ва соле баъд равуои автобусҳоро қатъ кард. Дар поёни солҳои 90 Узбекистон ба минакории марзҳояш бо Тоҷикистон оғоз карда, дар ибтидои солҳои 2000-ум бо ин кишвар низоми раводид ҷорӣ кард.

Тошканд ҳамин тавр, дар соли 2009 аз шабакаи ягонаи нирӯи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шуда, вазъи бе он ҳам тоқатфарсои Тоҷикистонро, ки дар фасли сармо ба камбуди шадиди барқ дучор мешуд, боз ҳам мушкилтар кард.

Узбекистон ҳамчунин дар соли 2011 роҳи Тирмиз – Амӯзанг, танҳо роҳи оҳан ба вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистонро бо баҳонаи "зиёновар” буданаш барчид ва аз соли 2012 интиқоли газ ба Тоҷикистонро низ пурра қатъ кард.

Аксари нозирони умур ин даҳсолаҳои "ҷанги сард” байни Тошканду Душанберо ба мушкилоти шахсии мавҷуда байни раҳбарони аввали ду кишвар – Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон – рабт медоданд. Бо даргузашти Каримов ва рӯи кор омадани Мирзиёев, ки асли волидонаш аз ноҳияи Ғончии вилояти Суғди Тоҷикистон аст, умедвориҳо ба ин ки даврони "ҷанги сард” байни ду кишвари ҳамсоя билохира ба поён мерасад, хеле бештар шудааст.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Беном

2017-06-29 23:44:27

виза кай бардошта мешавад байни Узбекистону Точикистон