150 000 СОМОНӢ БУРДИ САФО РАҲМАТОВ

2016-12-27 08:05:39 | Тоҷикистон | 0 | 269

tajikistan

Сафо Раҳматов аз ноҳияи Айнӣ 150 000 сомонӣ ҷоизаи асосии лотореяи "Пули калон-2”-и ширкати "Лото Спорт”-ро ба даст овардааст. Сафо мегӯяд, ки ба ин пул дар Душанбе хона мехарад.

 

Ширкати "Лото Спорт” дар ҷараёни консерти овозхони шинохта Валиҷон Азизов расми тақдими ҷоизаи асосии лотореяи "Большие деньги-2” ("Пули калон-2”)-ро эълон кард. 150 000 сомонӣ ҷоизаи асосии ин лоторея, ки барои бори 35-ум дода мешавад, ин навбат насиби Сафо Раҳматови 23-сола, зодаи деҳаи Путхини ноҳияи Айнии вилояти Суғд шудааст.

Манижа Аҳмадова, менеҷери ширкати "Лото Спорт” дар саҳифааш дар Фейсбук гуфт, Сафо Раҳматов ин лотереяи барояш иқболоварро субҳ, дар роҳ ба ҷои кораш харидааст.

Сафо Раҳматов, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмӯъмин Раҳимов ҳамагӣ як моҳ қабл аз хидмати аскарӣ ҷавоб шуда, дар дӯкони бародараш дар бозори "Султони Кабир” кор мекунад.

Сафо Раҳматов дар маросими тақдими ҷоизаи асосии "Пули калон-2” гуфт, ин пулро барои амалӣ сохтани орзуи асосиаш – харидани хона дар пойтахт сарф хоҳад кард.

Менеҷери ширкати "Лото Спорт” Манижа Аҳмадова гуфт, азбаски аксари барандагони ҷоизаи асосии ин лотерея ин пулро барои харидани хона истифода мебаранд, "Лото Спорт” ба қароре омадааст, ки дар нашри навбатии лотореяи "Пули калон” ҳамчун ҷоизаи асосӣ манзил дар Душанберо бигузорад. Фурӯши ин лотереяҳо аз аввали соли 2017 оғоз хоҳад ёфт.

 

Пирӯзии Сафо Раҳматов дар лотереяи "Пули калон” дар ҳолест ки назарҳо дар ҷомиаи Тоҷикистон ба худи ин тиҷорат хеле мухталиф аст.

Тарафдорони лотерея мегӯянд, ки санҷидани бахти худ дар лотерея барои онҳое, ки роҳу воситаи дигари беҳбуди зиндагии худро пайдо карда натавонистаанд ва ҳам барои онҳое, ки зиндагиашон танҳо бо маош мегузарад, василаи бад нест, чунки дар сурати омад кардани кораш барандаи лотерея метавонад ягон мушкили умдаи рӯзгорашро ҳал кунад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ҳоле ки чанд нафари ангуштшумор гӯё чизе дар лотерея мебаранд, ҳазорон нафари дигар пасандозҳои бе он ҳам ночизи худро ба умеди ин ки ягон рӯз бахти онҳо ҳам хоҳад хандид, дар лотерея ва шаклҳои дигари қимор аз даст медиҳанд.

Онҳое ҳам зиёданд, ки ба боварашон, ҳамаи лотереяҳо қаллобианд ва натиҷаҳояш ҳатман дасткорӣ шудаанд.

Аз тарафи дигар, беш аз 90 дарсади аҳолии Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва дини Ислом ҳама шаклҳои қимор ва пулеро ки аз ин роҳ ба даст меояд, ҳаром ҳукм мекунад. Сафовуддин Раҳимов, як рӯҳонии тоҷик ба "Ахбор” гуфт, лотерея низ шакле аз қимор аст: "Ин ҳам қимор аст, чунки асосан кисаи соҳибонашро пур мекунад. Чанд нафарро бо ҷоизаҳо сарфароз ҳам мекунанд, вале сарффарозии ин чанд нафари ангуштшумор аз ҳисоби пули ҳазорон нафарест, ки шояд аз охирин бурдаи нони фарзандони худ кам карда, барои харидани лотерея сарфаш кардааст. Фоидае ки аз қимор ба даст меояд, ҳаром аст ва маслиҳати ман ба барандагони лотерея ин аст, ки чунин пулро байни мардуми ятиму эҳтиёҷманд сарф кунанд ва савоб бигиранд.”

Аммо бо ин вуҷуд, лотерея ва шаклҳои дигари "санҷидани бахт”, ба мисли тотализаторҳои натиҷаҳои бозиҳои футбол ва дигар мусобиқоти варзишӣ, дар Тоҷикистон муштарии зиёд доранд. Афроди ангуштшуморе, чун Сафо Раҳматов, аз ин "санҷидани бахт” бо ҷоиза ва хушҳол берун меоянд, вале мардуми зиёд, ба хусус онҳое ки мӯътоди чунин бозиҳо мешаванд – бо бори гарони қарзе, кигоҳо ба чандин ҳаҳор доллар мерасад ва чандин хонаводаро хонавайрон ҳам кардааст.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет