ПЕШГИРӢ АЗ ЗАНОЗАНИИ НАВРАСОНИ ҚИРҒИЗУ ТОҶИК

2016-12-27 07:39:48 | Минтақа | 0 | 234

tajikistan

Мақомоти марзбонӣ ва умури дохилаи Қирғизистон аз як занозании гурӯҳӣ байни наврасони қирғизу тоҷик дар деҳаи марзии Кӯктош пешгирӣ кардаанд.

Уларбек Зарлиқов, сардори раёсати Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар вилояти Бодканд рӯзи 27 декабр дар ҷаласаи ҳукумати вилоят гуфт, муноқиша байни хонандагони тоҷику қирғиз дар деҳаи марзии Кӯктоши ноҳияи Бодканд ду ҳафта боз идома дошт.

Ба гуфтаи ӯ, ибтидо рӯзи 12 декабр чанд хонандаи тоҷик як толибилми мактаби қирғизии Кӯкштошро латукӯб кардаанд. Рӯзи 22 декабр толибилмони қирғиз ҷамъ шуда, мехостанд ба мактаби тоҷикӣ ҳаамла кунанд. Вале, ба гуфтаи Зарлиқов, мақомоти марзбонӣ ва милиса тавонистаанд аз ин занозании гурӯҳӣ пешгирӣ кунанд.

Уларбек Зарлиқов то ҳол анҷом нашудани раванди таъйин ва аломатгузории ин қитъаи марз бо Тоҷикистонро як далели идомаи чунин муноқишаҳо номидааст.

Деҳаи Кӯктош дар марз бо ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шуда, дар гузашта низ шоҳиди як силсила муноқишаҳо байни сокинони ду тарафи марз ва ҳатто бо дахолати марзбонҳои тоҷику қирғиз шудааст.

Рӯзи 3 августи августи соли 2015 муноқишаи сокинони Кӯктош бо аҳли маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ бар сари як ҷӯйбор ба як занозании гурӯҳӣ бо истифода аз "коктейлҳои Молотов” печид ва дар ин занозанӣ дастикам 6 сокини Чоркӯҳ ҷароҳат бардоштанд.

Ҳафтае аз он пеш байни сокинони Кӯктош ва Чоркӯҳ баҳси роҳи қабристони деҳаи қирғизнишин ба чунин як муноқиша оварда буд.

Бо гузашти 25 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Аксари қитъаҳои баҳсии марз дар байни вилояти Бодканди Қирғизистон ва ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд ва ҳар сари чанд вақт баҳси сокинони ду тарафи марз бар сари масоили обу роҳ ба муноқишаҳои ҷиддӣ мепечад.

Дар моҳи августи соли 2014 дар канори деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни марзбонҳои ду кишвар муноқишан сар зад, ки бар асари он 2 нафар - як сарбози нерӯҳои марзбонӣва як сокини маҳаллӣ - кушта шуда, 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ гаштанд.

Рӯзи 11 январи соли 2014 дар як тирандозӣ байни марзбонони ду кишвар 8 нафар, аксаран маъмурони интизомиии Қирғизистон захмӣ шуданд.

Аммо дар соли 2016, бино ба эътирофи мақомоти ҳарду кишвар, мизони ихтилофҳои хушунатомез дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хеле коҳиш ёфта, кадом муноқишаи ҷиддие дар тӯли ин марз сабт нашудааст.

Бо ин вуҷуд, раванди таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан аз соли 2006 ба ин тараф ягон километр пеш нарафтааст.

Шӯрои равобити байналмилалии Русия ахиран дар як таҳқиқот баҳсҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистонро як манбаи асосии низоъҳои эҳтимолӣ дар Осиёи Марказӣ унвон кард ва навишт, гоҳо ин марзҳо аз байни як кӯча мегузаранд, ки таъйин ва аломатгузориашон ба шеваи барои ҳамаи ҷонибҳо мувофиқро амалан номумкин мегардонад.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет