Хашми Кобул аз даъват нашудан ба нишасти сеҷонибаи Маскав

2016-12-27 06:53:34 | Сиёсат | 0 | 364

tajikistan

Даъват нашудани Афғонистон ба нишасти сеҷонибаи Русия, Чин ва Покистон дар мавриди вазъияти Афғонистон, ки имрӯз дар Маскав баргузор мешавад, хашми Кобулро барангехтааст. Нишасти намояндагони Русия, Покистон ва Чин барои баррасии вазъи Афғонистон, имрӯз, 27 декабр дар Маскв баргузор мешавад. Ва ин, ки чаро аз ҳукумати Афғонистон барои ширкат дар ин нишаст даъват ба амал оварда нашудааст, ҷузъиёте дар даст нест.

Аҳмад Шикейб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин нишастҳо бидуни ширкати намояндаҳои ҳукумати Кобул, суолбарангез аст ва норӯшанӣ дар ин гуна нишастҳо барои Афғонистон нигаронкунанда мебошад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфт, "баррасии вазъияти Афғонистон бидуни ширкати ҷониби афғонӣ, ҳарчанд бо нияти нек ҳам сурат бигирад, аз як тараф наметавонад ба баррасии воқеъбинонаи вазъият кӯмак кунад ва аз сӯи дигар пурсишҳои ҷиддиро дар хусуси ҳадафҳои ин гуна нишастҳо назди мардуми Афғонистон ба миён меоварад."

Аҳмад Шикейб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон.

Аҳмад Шикейб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон Аҳмад афзуд, "дар робита бо нишасте, ки гӯё барои баррасии вазъи Афғонистон баргузор мешавад, бо ҳукумати Афғонистон машварат сурат нагирифтааст ва ё ин, ки давлати Афғонистон ба баргузории он мувофиқ аст ё на, ин ба назар гирифта нашудааст. Дар нишасте, ки Афғонистон ба он даъват нашудааст, наметавон ба паёмад ё муваффақияти он хушбин буд."

Рӯзи душанбеи 26 декабр парлумони Афғонистон нишасти Маскавро як мудохилаи ошкор дар умури дохилии он кишвар донист. Абдурауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон дар нишасти умумии Маҷлиси намояндагон аз ҳукумати он кишвар хост, то дар ин маврид мавқифашро рӯшан намояд. Вай гуфт, ки "ин як мудохилаи ошкор аст ва аз ҳукумати Афғонистон мехоҳем дар робита бо ин тасмим, бо кишварҳои зидахл дар тамос шавад."

Ин дар ҳолест, ки Сенати Афғонистон низ рӯзи якшанбе дар робита ба баргузории нишасти Маскав дар бораи Афғонистон, аксуламал нишон дод ва онро ғайримашрӯъ хонд. Тибқи бархе аз гузоришҳои таъйидношуда, эҳтимолан намояндагони Толибон дар нишасти Маскав ширкат ва суханронӣ кунад.

Парлумони Афғонистон нишасти сеҷонибаи Маскавро мудохилаи ошкор дар умури дохилии ин кишвар донист.

Парлумони Афғонистон нишасти сеҷонибаи Маскавро мудохилаи ошкор дар умури дохилии ин кишвар донист.

Покистон ва Чин, ки аз ширкаткунандагони аслии нишасти имрӯз дар Маскав ҳастанд, аз муттаҳидони калидии якдигар дар минтақа ба шумор мераванд. Ҳукумати Афғонистон аз солҳо ба ин тараф Исломободро ба пуштибонӣ аз гурӯҳи Толибон муттаҳам мекунад. Аммо Покистон ҳамвора ин иттиҳомро радд кардааст.

Русия ки мизбони ин нишаст аст, ахиран аз ҳамкориҳояш бо гурӯҳи Толибон парда бардошт, аммо дар ниҳоят намояндаи он кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи гузашта гуфт, ки тамоси Маскав бо Толибон танҳо ба хотири муҳофизати шаҳрвандони Русия дар Афғонистон аст, то онҳо ба кору фаъолияти худ идома диҳанд ва осеб набинанд..

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет