Сокини Данғара ба талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд

21-07-2018 | Тоҷикистон | 0 | 273

tajikistan

Бернардет Марфе


Як сокини деҳаи Булёни ноҳияи Данғара дар кӯшиши дастдарозӣ ба як зани сайёҳ аз Маҷористон (Венгрия) гумонбар мешавад. Бернардет Марфеи 31-сола мегӯяд, дар роҳи сафар ба Бадахшон шаби 18 июл дар яке аз теппаҳои Олимтой хайма зад, вале шабона сокини Булён ба хаймаи ин зан даромада, хостааст ба ӯ дастдарозӣ кунад.

Мӯъмин АҲМАДӢ

Бернардет Марфе, зани 31-солаи маҷористонӣ рӯзи19 июл ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара шикоят бурд, ки шаби 18-уми июл, вақте ӯ дар роҳи сафар ба Бадахшон дар яке теппаҳои мавзеи Олимтой хайма зад, марде ба хаймааш ворид шуд ва хост ба ӯ дастдарозӣ кунад.

Ин зан, ки бо дӯстписараш бо ҳадафи ҷаҳонгардӣ ба Тоҷикистон рафт ва мехост бо дучарха то Бадахшон сафар кунанд, мегӯяд,он шаб ба ҳарфи дӯсташ, ки гуфт бо мошин то Кӯлоб раванд, гӯш надод ва бо дучарха озими ҷануби Тоҷикистон шуд. Дар вақти ҳамла ба ӯ дӯсташ дар Душанбе буд.

 

Дилшод Халифаев, муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара рӯзи 20-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ​"аз рӯи шикояти ин сайёҳ мо мавод тартиб дода ба прокуратура супоридем. Айби ӯро прокуратура эълон мекунад.”

Мақомот аз марди гумонбар ном набурданд, вале гуфтанд, ки ӯ 35 сол дорад ва соҳиби зан ва се кӯдак аст.

Як мақоми дигари наздик ба ин парванда, ки тафсилоти ҳодисаро медонад, рӯзи 20-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин зан тахминан соатҳои 8 ба 9 дар теппае дар мавзеи Олимтой хаймаашро дуруст карда мехобад. Ҳамин вақт ҷавони гумонбар вориди хайма мешавад. Аз рӯи нақли ин зан гумонбар гӯё талоши дастдарозӣ кардаст. Ҳарду забони ҳамдигарро намефаҳманд. Духтар аз ин тарсида дод мезанад ва ба дӯсташ занг мезанад. Дӯсташ зуд мақомотро огоҳ мекунанд”, -гуфт ӯ.

 

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, мақомот оҷилан ба ҷойи ҳодиса расиданд, вале ҷавон аллакай фирор карда буд.

Табибони бемористони Кӯлоб мегӯяд,шабе, ки ин занро ба бемористон оварданд, изтироби шадид ва таб дошт. Ӯ баъди як рӯз беҳтар шуд ва аз бемористон рафт.

Сайёҳон гуфтанд, ба сафарашон давом медиҳанд

Ин зани сайёҳро дӯсташ,ки ҳамон шаб ба назди ӯ расида буд, ба беморхонаи Кӯлоб бурд. Пас аз ташхис ӯ субҳи20-уми июл, аз беморхона раҳо шуд.

​Беквит Теймер, дӯсти ин зани сайёҳ рӯзи20-уми июл дар сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, Марфе аз ворид шудани марди ношинос ба хаймааш тарсидааст. Ӯ аз кормандони пулис ташаккур кард, ки пас аз занг задан фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

"Мо ба сафарамон идома медиҳем.Мехоҳем ба Бадахшон равем. Ҳамин тавр як моҳ дарТоҷикистон мемонем”,- гуфт ӯ.

Ин ду сайёҳ мегӯянд,вокуниши оҷили мақомот онҳоро онҳоро мутмаин кард, ки амнияташон дар Тоҷикистон таъмин аст.

Дар додситонии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ҳодисаро бо ҷузъиёташ таҳқиқ мекунанд.

Ҷазо барои тамаъҷӯӣ аз сайёҳон

Имсол дар Тоҷикистон соли сайёҳӣ эълон шудааст. Давлати Тоҷикистон рушди ҷаҳонгардиро барои иқтисоди кишвар бисёр муҳим номид ва соли 2018-ро "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон кард. Ҳукумат умедвор аст, равуои зиёди хориҷиён айни замон бо афзоиш додани даромад ба буҷа, як далели хубе барои амну босубот ва макони сармоягузорӣ нишон додани Тоҷикистон мешавад.

Аз ин рӯ, бархӯрди нодуруст бо сайёҳон дар Тоҷикистонҷиддӣ баррасӣ мешавад. Марвиди озору ғорати саёҳон дар Тоҷикистон кам сабт мешавад, вале хориҷиён аз тамаҷуии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ борҳо шикоят кардаанд. Ду моҳи пеш ду корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ барои тамаҷӯъӣ аз сайёҳони хориҷӣ муҷозот шуда буданд.

Президент муомилаи бад бо сайёҳро хиёнат номид

Аз ин пеш, 30-уми июн Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суханрониаш аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ хост, ки тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ аз саёҳонро бас кунанд, чун ин корашон "хиёнат ба ватан" аст.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раҳбарону фаъолони вилояти Суғд гуфт: «Айб аст, муомилаи бад сайёҳи хориҷиро мегурезонад. Агар минбаъд корманди умури дохила, гумрук, сарҳадбонӣ аз туристҳои хориҷӣ пул меситонанд, ё барои гардиши онҳо монеа эҷод мекунанд, хоини миллатэълон карда шавад ва дар нисбати ӯ ҷазои сангин дида шавад."

Суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистонро рӯзи30-уми июн дар телевизионҳои давлатӣ намоиш доданд ва ӯ зимни суханронӣ ба мақомоти интизомӣ ҳушдор дод, дар сурати ришваситонӣ дар ҷомеа шармсор карда мешаванд. Муомилаи дурушти маъмурони милиса ва ҳам тамаъҷӯии онҳо аз саёҳон яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва пешин дар Тоҷикистон аст.

Як моҳ пеш аз ин суханронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сайёҳи34-солаи Руминия Миҳай Сика ба нашр расид, ки дар он видео ошкоро дида мешуд, ӯ ба як нозири роҳ дар даромадгоҳи Кулоб ришва медиҳад ва сипас асабонӣ озими Душанбе мешавад. Баъди ин навор ду афсари милисаро аз мақомашон барканор карданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар панҷ моҳи имсол беш аз 900 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта, чаҳор баробар бештар мебошад.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика