"Панд"-и Қирғизистон ба Тоҷикистон -- аз узвият ба Иттиҳоди Авруосиё суде нест

20-07-2018 | Муҳоҷир | 0 | 101

tajikistan

Муҳоҷирони қирғиз дар Русия. Акс аз бойгонӣ.


Ҳар моҳе, ки Даврон Самиев, муҳоҷири ҷавони тоҷик дар шаҳри Маскав 4500 ҳазор рубли маошашро ҳамчун андози патент месупорад, ба ҳоли муҳоҷирони қирғиз ҳавас мехӯрад, ки зарурате барои доштани патент надоранд. Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст ва шаҳрвандонаш бидуни он ҳаққи корр дар Русияро доранд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, дар асл вазъи муҳоҷирони қирғиз дар Русия аз муҳоҷирони кишварҳои ғайри узв беҳтар нест. Имконияти озоди кор дар Русия барои муҳоҷирони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авросиё як бофтаи Кремл аст, ки тавассути он кишварҳои дигарро барои пайвастан ба ин созмони зери назараш ташвиқ мекунад.

Валентина Чупик як ҳомии ҳуқуқ, ки дар Русия аз ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Миёна ҳимоят мекунад, рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи вазъи муҳоҷирони қирғиз дар Русия гуфт, ки онҳо воқеан зарурати гирифтани патентро надоранд, аммо қонунгузории Русия кордиҳандагонро вазифадор мекунад, ки бо муҳоҷирони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шартномаи корӣ банданд. Ба гуфтаи вай, аммо аксар кордиҳандагон шартнома бастан намехоҳанд ва онҳоро танҳо ба таври ғайрирасмӣ ба кор мегиранд, то аз пардохти андоз фирор кунад.

Хонум Чупик мегӯяд, сарпечии кордиҳандагони рус аз бастани шартнома бо муҳоҷирони қирғиз, мушкили дигарро бар сари муҳоҷирони қирғиз зам мекунад. "Муҳоҷирони қирғиз барои тамдид кардани мӯҳлати будубоши худ дар Русия бояд шартнома корӣ дошта бошанд. Чун кордиҳандаашон бо онҳо шартнома намебандад, онҳо маҷбур мешаванд, аз бозори сиёҳ шартномаҳо қалбакиро бихаранду худро дар нишонии ягон ширкат ва ё корхона ба қайд гузоранд",-афзуд Валентина Чупик.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон.

Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, акнун қонунгузории Русия ба нишонии корхонаҳо ба қайд гузоштани худро низ манъ карданд ва ин вазъияти муҳоҷирони қирғизро боз бадтар мекунад. Ба гуфтаи Валентина Чупик, як фармони роҳбари раёсати муҳоҷирати шаҳри Маскав вуҷуд дорад, ки дар он гуфта мешавад, муҳоҷироне, ки патент доранду мунтазам андозро месупоранд, бо як қоидавайронкунӣ ихроҷ нашаванд. Аммо муҳоҷирони қирғиз патент надоранд, бинобар ин онҳоро бо як қоидавайронкунии маъмурӣ ҳам аз Русия ихроҷ мекунанд.

"Аз шомил шудан ба иттиҳод ба муҳоҷирон суде нарасид"

Бе ҳуқуқ боқӣ мондани муҳоҷирони қирғиз дар Русия боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дохилӣ Қирғизистон ҳам шудааст. Рӯзи гузашта як гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон нишасте доир карда, аз вазъи ногувори муҳоҷирони қирғизи дар Русия шикоят карданд.

Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки муҳоҷирони қирғиз қабл аз баргузории Ҷоми ҷаҳон ва ҳангоми он мавриди тафтишҳои беасоси кормандони пулис қарор гирифтаанд. Ба таъкиди ҳомиёни ҳуқуқ, нозирони пулис муҳоҷиронро даста- даста боздошт карда, дар утоқҳои танг муддатҳои зиёд дар шароити бад нигоҳ доштаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қиғизистон мегӯянд, муҳоҷирони ин кишвар аз ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё чандон фоида надиданд ва ҳамоно мисли дигар муҳоҷирон аз Осиёи Миёна мавриди тафтишҳои бепоя ва азияти кормандони пулиси Русия қарор доранд.

Гулнара Дербишева, роҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон "Инсон Лейлек"

Гулнара Дербишева, роҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон "Инсон Лейлек"

Гулнара Дербишева, роҳбари як созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон "Инсон Лейлек" дар Қирғизистон мегӯяд, новобаста ба он, ки Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст, аммо қонунгузории Русия дар нисбати муҳоҷирон сахтар мешавад. Ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқи инсон, ҳамин қонуни охир, ки сабти номи ҳатмии муҳоҷирон танҳо дар ҷои воқеии истиқоматро дар назар дорад, як қонунест, ки муҳоҷиронро таҳти табъиз қарор медиҳад.

Дар поёни ин нишаст ҳомиёни ҳуққуқ аз ҳукумати Қирғизистон талаб карданд, ки мушкили муҳоҷиронро дар сатҳи сиёсӣ бо Кремл матраҳ кунанд, вагарна боқӣ мондани кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё суде надорад.

Душанбе нияти шомил шуданро надорад

Русия аз соли 2014 - замони ташкил шудани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Тоҷикистонро барои шомил шудан ба он ташвиқ мекунад. Давлати Тоҷикистон "феълан нақшаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро надорад".

Душанбеи расмӣ ба ин даъватҳои Кремлин боре ҳам мустақим посухи рад надодааст ва бо ибораи кӯтоҳи "меомӯзем" ва "суду зиёнашро ба кишвар месанҷем", посух мегӯяд. Ҳарчанд дар як пешбинии вомбаргҳои давлатӣ, ки дар Биржаи фондии Люсембург ҷойгир шудааст, гуфта возеҳ гуфта мешавад, ки давлати Тоҷикистон "феълан нақшаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро надорад".

Муҳоҷирони тоҷик.

Муҳоҷирони тоҷик.

Бо ин вуҷуд, барои омӯзиши суду зиёни кишвар аз ворид шудан ба ин созмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо машғул аст. Як узви ин комиссияи давлатӣ, ба шарти набурдани номаш гуфт, дар асл меъёрҳои иттиҳод дар амал иҷро намешавад ва кишварҳои бузурги ин иттиҳод вобаста ба конюктураи сиёсӣ ба хости худашон амал мекунанд ва пойбанди қоидаҳо намешаванд.

"Масалан мегӯянд, ки агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ворид шавад, муҳоҷирони кории мо дар Русия бе мамоният фаъолият мекунанд. Лекин агар шартномаи ин иттиҳодро хонед, дар он ҷо гуфта мешавад, ки агар шаҳрванд дар давоми 30 рӯз дар қаламрави кишвари узв кор ёфта, шартнома набандад, бояд қаламрави кишварро тарк кунад. Яъне боз ҳамон маҳдудият ҳаст".

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, барои омӯзиши таҷрибаи кишварҳои узв ба Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон сафар доштанд ва бардошташон ин шуд, ки ҳеҷ яке аз дағдағаҳои Кремл-гардиши озодӣ молу маҳсулот сармоя ва нерӯи корӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба пуррагӣ амал намекунад.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика