Акнун муҳлати зиндони Пак Кин Хе ба 32 сол баробар шуд

20-07-2018 | Ҷаҳон | 0 | 117

tajikistan

Додгоҳи Куриёи Ҷанубӣ дар мавриди парвандаи президенти пешини ин кишвар Пак Кин Хе ҳукми нав содир кард. Ӯро бо он айбдор карданд, ки дар интихоботи порлумонии соли 2016 дахолат кардааст ва ҳамзамон иҷозат додааст, ки маблағҳои давлатӣ рабуда шавад.

Додгоҳ ӯро аз рӯи ин парванда ҳашт соли дигар зиндонӣ кард.

Моҳи апрели соли ҷорӣ додгоҳ президенти пешини Куриёи Ҷанубиро 24 сол зиндонӣ ва наздики 17 миллион доллар ҷарима кард. Акнун муҳлати зиндони Пак ба 32 сол баробар шуд.

Аз рӯи парвандаи аввал ӯро дар фасодкорӣ, сӯистода аз мақом ва дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти ширкати тиҷорӣ айбдор карданд.

Президенти пешин айбҳои эълоншударо рад мекунад. Вай дар муҳокимаҳои додгоҳӣ ширкат накард.

Моҳи марти соли 2017 Додгоҳи олии Куриёи Ҷанубӣ бо қарори худ Пакро аз мақом барканор кард. Порлумони ин кишвар равандаи импичмент ё нобоварӣ ба президентро моҳи декабри соли 2016 шуруъ карда буд.

Импичмент баъди он рӯи даст гирифта шуд, ки дӯсти овони ҷавонии президенти вақти Куриёи Ҷанубӣ Чхве Сун Силро дар сӯистифода аз мақоми президент айбдор карданд. Сун Сил моҳи феврали соли 2018 ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет