ЦРУ соли 1945 чи гунна муноқишаҳои сиёсӣ тарҳрезӣ карда буд.

17-07-2018 | Сиёсат | 2 | 186

tajikistan

Як нуқта мавриди ёдоварӣ аст: раёсати ЦРУ ҳанӯз соли 1945  як барномаи истифодаи  ислом дар муноқишаҳои сиёсӣ тарҳрезӣ карда буд. Дар солҳои 80 ҳангоми натиҷагирӣ аз ин барнома яке аз масъулини он  чунин иброз кард. «Ҳеҷ бовар надоштам бо масрафи андак маблаѓ чуни корҳои калонро ҳал кунем». Бинобар ин ҳамаи он воқеаҳое, ки дар ҷаҳонии ислом аз қабили ҳизбу, ҳаракатҳо, ҷараёнҳои бо ном динӣ пайдо мешаванад, албатта решааш берун аз ин кишварҳост, танҳо нисбат татбиқи сиёсат ва даст овардани манфиатҳо  аз усулҳое, ки дар  асрҳои  XVI- XVIII истифода мекарданд, фарқ дорад. Чун ҷаҳони имрӯз аз нигоҳи тарақиёт  хеле пеш рафтааст, пас роҳҳои нав низ ҷавобгӯ ба афкори чунин ҷомеа бошанд.

Намунаи он табадуллотҳои охир дар кишварҳои араб шуда метавонад. Абарқудратҳо аз дастгирии ва нигоҳ доштани сохтори пешин худдорӣ карда, баръакс ҳаракатҳои сиёсии динро ба майдон оварданд.Ҳарчанд то ин вақт аз ҷониби худи Ѓарб ва ИМА онҳоро  дар рӯйхати ташкилотҳои ифротгарои ҷаҳон сабти ном  карданд.Барои чӣ кор чунин анҷом гирифт? Оё мақсад ҳифзи ҳуқуқи мусулмонон ё аз сари қудрати сиёсӣ дурр кардани ҳокимони худкомае, ки 30-40 сол ҳокимият мекарданд. Дар сиёсати ҷаҳони имрӯз қувваи ягонае, ки онро метавон истифода кард, ин мусулмононанд. Аз ҳамин назар бар сари қудрати сиёсӣ омадани исломиҳо дар давлатҳои дунявии араб ин барои амалӣ кардани нақшаҳои ояндаи ИМА ва Ѓарб аст. Як мақоли халқи бештар ба ёд меояд: гург қабл аз хӯрдани гӯсфанд афсӯс мехӯрад, вале на барои раҳму шафқат ба ҷонӣ гӯсфанд, балки афсӯс аз он  мехӯрад, ки чаро гӯсфанд хароб аст. Шарқи мусулмонӣ дар гирдоби тӯфон ѓарқ шуда истодааст, ки барои раҳои ёфтан қудрати худаш намерасад ва аз андашаҳои онҳо низ вобастагӣ надорад. Вале қувваи беруна киро бо кадом шарт аз ин бозиҳои сиёсӣ канора мекунад маълум нест. Як нуқта дақиқ аст, ки ояндаи иқтисодии  кишварҳои ѓарбӣ ва ИМА бе тасарруфи захираҳои калони  кишварҳои мусулмонӣ тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Бинобар ин  усули ниммустамликаи сиёсӣ ҳанӯз идома меёбад. Аммо баробари ин кишварҳои дигар ба мисли Чин, Ҳиндустон, Руссия, Туркия низ даъвои қудрати сиёсӣ ва иқтисодӣ намуда, дар истифодаи захираҳои таббии ва  саҳм доштан дар бозори ин кишварҳо кӯшиш доранд. Вале бо назардошти ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи ҳамаи ин кишварҳо як нуқтаро бояд зикр кард, ки ИМА ва Британияи Кабир таҷрибаи бойи истифодаи ислом ва мусулмонон дар бозиҳои сиёсӣ доранд. Ин нуқтаро мо дар муноқишаҳои Қавқоз, Кашмир ва минтақаи  уйѓурнишини давлати Чин дида истодаем ва ин масъалаи амнияти дохилии ин кишварҳоро халадор кард ва дар сурати тақвият ёфтан таъмини аманияти шаҳрвандон зери суол мемонад. Пас  кишварҳои ба мисли Узбекистон, Тоҷикистон, Қирѓизистон, Туркманистон ва Қазоқистон,  ки аксарияти мардуми онҳо мусулмонанд, чи интизор аст ва барои ояндаи ин кишварҳо чи нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд.

Алҳол барои мо як нуқтаи муҳим дар кишварҳои араб оҳиста- оҳиста аён гардида истодааст.

Аввалан  тамоми мусулмононро зери як парчам ва қудрати сиёсии як давлат ҷамъ овардан дар нақшаи оянда аст. Бар сари қудрати сиёсӣ овардани исломиҳо дар оянда ҳамин ҳадафро бояд пиёда карда мешавад. Дар таҷрибаи давлатдории мусулмонон чунин шакли давлатдорӣ ба мисли «хилофат» будааст, пас чаро онро аз эҳё накард. Зеро омили динӣ барои ин масъала хеле қавӣ аст ва бунёди чунин давлатро метавон аз нигоҳи шаръӣ низ асоснок кард, ки ин бисёр муҳим аст.Яъне заминаи идеологӣ барои он мавҷуд аст, ва  кишварҳои манфиатдор метавонанд қудрати сиёсӣ ва низомии онро таъмин созанд. Баро кишварҳои араб ин мушкилоти зиёд пеш намеорад, зеро фарҳанги миллӣ ва динии онҳо ислом аст.  Инчунин маркази ин давлат Арабистони Саудӣ шуда метавонад, зеро дар қаламравӣ ин кишвар хонаи Каъба ва Равзаи Паёмбар ҷойгир шудаанд. Ягона омиле, ки барои ташкили чунин давлат монеа шуда метавонад ин шакли давлатдории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аст. Барои пиёда кардани ҳамин ҳадаф дар солҳои наздик сохтори сиёсии ин давлат таѓйир дода шуда, ба ҷои шоҳ халифаи мусулмонон  ё султон бар сари тахт меоранд. Аз ҳамин назар таблиѓоти  ваҳобиҳо ва салафиҳои давраи навин ҳамин мавзӯъро бештар диққат медиҳанд. Шояд яке аз сабабҳои аз сари қудрати сиёсӣ дурр кардани баъзе роҳбарони кишварҳои араб ҳамин бошад. Зеро ин идея ҳеҷ вақт аз ҷониби Қазофӣ, Ҳусни Муборак, Садам Ҳусейн, Башар Асад  дастгирӣ намеёфт, зеро ѓурури қабилавӣ ва қавмии онҳо аз арабият хеле боло буд. Сониян ҳокимияти мутлақ доштанд, ки тамоми аъмоли мақбули дилро анҷом медоданд ва сарвати зиёде ҳам ҷамъ оварданд. Вале ҳокимияти кунунӣ, ки бевосита бо дастгирии давлатҳои манфиатҷӯ бар сари қудрат омадаанд, наметавонанд хилофи хоҷаҳои бурунмарзӣ амал кунанд. Ва қисмате аз руҳониён ва сиёсатмадорони араб наҷот ва рушди арабро дар ташкил намудани чунин як давлати хилофат медонанд. Шояд барои барои араб воқеан ягона роҳи пешгирӣ намудани муноқишаҳои қабилавӣ  ва қавмӣ бошад.Вале мусулмонони ѓайриараб  ба мисли туркҳо, форсҳо, курдҳо, балуҷҳо, малайзиҳо, индонезиҳо, ҳиндуҳо оё ин шакли давлатдориро қабул мекунанд, агарчи ҳамаи ин мардум мусулмон бошанд ҳам, вале пайрави мазоҳиби гуногун мебошанд, ки дар рафти ҳаёти онҳо ин масъала бисёр муҳим ва нақши назаррас касб кардааст. Бо каломи фасеҳтар гӯем бояд як тоҷики мусулмон  аз арзишҳои миллӣ ба куллӣ даст кашад ва таълимоти ваҳобия ё салафияро меҳвари шинохти масъалаи динӣ ва ақидатӣ қарор диҳад. Пас саволи дигар ба миён меояд. Таълимоти динии хилофат дар асоси кадом мактаби динӣ ё мазҳабӣ ё фиқҳӣ  амалӣ карда мешавад. Қисмате иддао доранд, ки  намунаи ин сохтор  ҳокимияти давраи Паёмбар (с) мебошад. Пас зарурат пеш меояд, ки  таълимоти чор мазҳаби аҳли суннатро бо ҳам омехта кард. Шояд аз нигоҳи ақидатӣ ин мушкилоти зиёд пеш наорад. Вале воқеият он аст, ки таълимоти ҳамаи ин мазҳабҳо куллан бекор карда мешавад ва ҷои ҳамаи инҳоро таълимоти ваҳобия мегирад, ки ин мактаби ақидавӣ  хилофи таълимоти Паёмбар (с) аст . Барои ҳамин мубаллиѓони салафия андешаи бемазҳабиро тарѓиб мекунанд, то ин афкор дар ҷомеаи ѓайриараб  низ дастгирӣ ёбад. Дар сӯҳбат бо чанд тоҷиконе, ки алҳол дар Миср, Арабистони Саудӣ иқомат доранд  чунин андешаҳоро шунидем. «Онҳо бо тамоми далелу иснод кӯшиш мекарданд барои мо исбот кунанд, ки наҷоти тамоми аҳли суннат ин ташкил намудани хилофати исломӣ аст». Дар ҷавоби суоли ҳукми мардуми мазоҳиби дигар чист? Як аст дар сурати итоат накардан аз қавонини хилофат  ҳукмаш қатл аст.  Ва ин ақидаи  худро бо боварии комил  такрор ба такрор талқин мекарданд. Пас тақдири давлатдории  кишварҳое, ки дар заминаи арзишҳои миллӣ бунёд гардидаанд ва ё давлатҳое, ки пайравони дину мазҳабҳои гуногун шаҳрванди комилҳуқуқанд маҳсуб меёбанд, чӣ мешавад. Кишварҳое чун Туркия, Ирон, Миср, Озарбойҷон, Афѓонистон, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қиѓизистон, Узбекистон ва ѓ. аз нигоҳи сиёсӣ ва динӣ метавонанд чунин шартро қабул ва амалӣ намоянд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар яке аз ин кишварҳоро ба 3-4 қисм тақсим кунанд ва дар алоҳидагӣ шояд қисмате ба талаботҳои хилофати исломӣ ҷавобгӯ шавад ва ё тобеияти худро изҳор намояд. Дар сурати тақвият ёфтани ин идея ҳамаи ин кишварҳо ба гирдоби  ҷанги шаҳрвандӣ дар заминаи ақидаи динӣ ва мазҳабӣ кашида мешаванд, ва хуб маълум аст, ки ҳал кардани ин мушкилот аз қудрати онҳо берун мемонад, яъне ҳарчанд дар кишвари худашон бошад.

Дар ҳалли масъалаи динӣ Туркия нисбат ба кишварҳои дигар хеле пешрафтааст. Зеро Туркия пеш аз ҳама дар масъалаҳои динӣ раванди сиёсати худро дар муносибат бо арабҳо муайян кард. Аввалан Туркия заминаи таърихӣ низ дошт, зеро империяи усмонӣ  барои мақоми сиёсӣ пайдо кардани туркҳо дар мантиқаи Африкои шимолӣ нақши мусбат бозид. Илова бар ин 2 сол пеш роҳбарияти Туркия кӯшиш кард, дар кишварҳои араб ҳамчун яке аз кшварҳои пешрафтаи мусулмоннишин пазируфта шавад ва ҳамзамон мақеи сиёсии худро барои ҳалли масъалаҳои мантиқа муайян намояд. Яъне то ҳадде кишварҳои арабро зери таъсири сиёсии худ қарор диҳад.Лекин арабҳо дигар тоқати итоати Туркия надоранд ва баръакс кӯшиш доранд, нуфузи сиёсии онро коста созанд. Барои ин Туркия раванди татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи дин дар асоси манфиатҳои миллӣ таҳия ва амалӣ менамояд. Ин аз ҳар ҷиҳат барои ояндаи давлати миллӣ хеле муҳим аст ва сониян бо ҳамин роҳи таблиѓӣ хамагуна андешаҳои арабгароиро зери ниқоби ислом паҳн мешуданд гирифт.Инчунин аз ҳама барномаҳои динӣ бо кишварҳои арабӣ ва дастгирии молиявии онҳо аз барномаҳои гуногун даст кашид ва бо ҳамин роҳ дар ҳол халалдор сохтани амнияти давлат ва ҳифз намудани сохти дунявии давлатро ҳифз кунад. Оё Тоҷикистон мисли Туркия қудрати сиёсӣ ва идеологияи миллӣ боқувват дорад то дар муқобили чунин падидаҳо истодагарӣ кунад. Ҳарчанд бо тамомият изҳор намоем, ки бо ҳамаи андешаҳои ислоҳталабӣ розӣ ҳастем боз ҳазор талаботи дигар пайдо мешавад. Чун мақсади асосӣ  тунд нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мантиқа аст. Омили асоси ин баҳс бо ҳам мухолиф маънидод кардани фарҳанги миллӣ ба фарҳанги динӣ аст.Зеро Тоҷикистон низ аз сафи он кишварҳоест, ки дар заминаи арзишҳои миллӣ бунёд гардид ва дар ҳамин ҳудуд решаи таърихӣ дошт. Албатта шикасти сиёсии давлат дар муборизаҳои динӣ ё қабилавӣ оқибати басо нангин дорад. Чун тамоми арзишҳои миллӣ ва фарҳанги ин мардум, хазонаи илмӣ ва зеҳни он, сафи олимону донишмандон несту нобуд карда мешаванд. Барои душман ин арзишҳо ҳамчун омилҳои мутаҳидкунандаи  мардум барои мубориза маҳсуб меёбанд ва дар ҳақиқат чунин аст. Албатта суқути давлати Сомониён ҳамаи арзишҳоро низ шикаст.Чун барои давлатҳое, ки минбаъд дар асоси арзишҳои сирф динӣ ё қавмӣ ё қабилавӣ ба мисли турку манѓит бунёд гардиданд, дигар он арзишҳое, ки барои давлати Сомониён дар сатҳи олӣ қарор доштанд ягон қурб надоштанд. Баръакс меросбарандагони ин фарҳангро ҳаматарафа таъқиб меарданд, то аз фарҳанги миллӣ ва забон даст кашад. Ва ин дар тӯли садсолаҳо идома ёфт.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Беном

2018-07-17 18:13:31

Test

Беном

2018-07-17 18:14:34

Test 2


Дар бораи мо

Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Муфассал

ТАҚВИМИ АХБОР
Мо дар Facebook
HAMSINF.com - Агентии иттилоотии мустақил.
Шумо метавонед, ки саволҳои худро тариқи почтаи электронии мо hamsinfnews@gmail.com ба мо ирсол намоед.
Яндекс.Метрика