«Истиқлол» «Алтин Асир»-ро шикаста натавонист

2018-03-16 14:29:16 | Варзиш | 0 | 47

tajikistan

Чемпиони  Тоҷикистон «Истиқлол»  бозии дуюмашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 бо «Алтин Асир»-и Туркманистон бо душворӣ мусовӣ -2:2 анҷом дод. Таассуфангез аст, ки футболбозони тоҷик дар қисми дуюм бо ҳисоби 2:0 пешсаф шуда, дар дақиқаҳои Тавре ФФТ иттилоъ медиҳад ва мухлисони футбол аз «оинаи нилгун» тамошо карданд, қисми аввали бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн давом карда, бартарии бештар ҷониби  соҳибони майдон буд. Ин қисм мусовӣ — 0:0 ба поён расид.

Дар дақиқаи 50-уми қисми дуюми вохӯрӣ легионери белоруси меҳмонон  Николай Зенко бо усули зебои техникӣ тӯби аввалинро ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Пас аз 10 дақиқа футболбозони туркман бар  усули берун аз қоидаро истифода намуда, бо зарбаи ҷаримавии 11-метра муҷозот шуданд. Ин зарбаро Аҳтам Назаров дақиқ ба нишон расонд. Туркманҳо Мурат Якшиев ва Алтимурод Аннадурдиев дар 3 дақиқаи иловагӣ ду тӯбро ба дарвозаи Мунтахаби тоҷикон зада, худро аз шикаст раҳо карданд. Дастаи дигари туркманҳо «Аҳал» дар майдони худ «Алай»-и Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод.

Ҳамин тавр, пас аз ду давр дар гурӯҳи «D» дастаҳои «Алтин Асир» ва «Истиқлол» бо 4-холӣ дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд.

Бозии сеюмашро «Истиқлол» 11 апрел бо «Алай»-и Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ва «Аҳал»  бо «Алтин Асир» доир мекунанд.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет