Боздошти муҳоҷири тоҷик барои дуздии як миллион

2018-02-23 08:18:14 | Муҳоҷир | 0 | 151

tajikistan

Ду ҳаммол (грузчик)-и тоҷик ба дуздии беш аз як миллион рубл пули як соҳибкори чинӣ дар бозори "Москва”, маъруф ба "бозори Люблино” айбдор мешаванд. Якеи онҳоро ҳангоми фирораш ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ин ду ҳаммол сейфи тоҷири чиниро бо 1,1 миллион рубл ва 700 доллар дуздидаанд.

Хабаргузории "Москва аз қавли манобеаш дар мақомоти пулиси пойтахти Русия хабар дод, ки як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Внуково бо гумони даст доштан дар дуздии беш аз як миллион рубл дастгир кардаанд.

Як соҳибкор аз Чин, ки дар маркази тиҷоратии "Москва” (машҳур ба бозори Люблино) дӯкон дошт, ба пулис арз кардааст, ки ду ҳаммоле ки барояш кор мекарданд, аз даруни дӯкони ӯ сейф (говсандуқ)-ро бо 1,1 миллион рубл ва 700 доллар пули нақд дуздидаанд.

Кормандони пулис яке аз ин ҳаммолон – шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Внуково замоне дастгир кардаанд, ки ӯ мехост аз Русия фирор кунад. Ин ҷавон баъди боздошт даст доштанаш дар дуздии пулҳои соҳибкори чиниро иқрор кардааст.

Ҷустуҷӯи гумонбари дуюм идома дорад. Пулис дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми дуздӣ ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Дар бозори Люблино, бинои ба ҳисобҳо, аз ду то се ҳазор муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд. Онҳо дар ин бозор асосан ба ҳаммолӣ, рӯбучин, ошпазӣ ва корҳои дигари амсоли ин машғуланд. Дар Люблино ҳамчунин даҳҳо соҳибкори тоҷик машғули тиҷорат мебошанд.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет