"Мардҳо беҳтарин тӯҳфаро сазоворанд"- мегӯянд занҳо дар Рӯзи артиш

23-02-2018 | Тоҷикистон | 0 | 59

tajikistan

Паёмҳои шӯхиомези баъзе мардон дар рӯзи 23-юми феврал дар мавриди тӯҳфаҳои идона, занонро ба тақдими тӯҳфаҳои сазовору ҷолиб водор кардааст. Ин паёмҳои хандадор дар ростои Рӯзи артиш бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд ва ба ин маъно буданд, ки мардон аз тӯҳфаҳои арзоне ба мисли ҷӯробу ришгирак дилбазан шудаанд.

Аммо мушоҳида мешавад, аксар занон бо вуҷуди мушкил будани интихоби тӯҳфа талош кардаанд, барои мардони хонавода, дӯстону ҳамкорони худ тӯҳфаҳои ҷолибу ғайриоддӣ фармоиш диҳанду харидорӣ кунанд.

Гулбаҳор, ки бо халтаи тӯҳфаҳо аз мағозаи “I am different” берун омад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, барои бародараш як нимтана ё "футболка" бо навиштаҷоти ҷолибе харид. “Дар ин футболка “Ҷигари ман” навишта шудааст. Ӯ чунин футболкаро дӯст медошт”, - гуфт ӯ рӯзи 23-юми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Чун одати ҳарсола 23-юми феврал дар Тоҷикистон на танҳо чун рӯзи Артиши миллӣ, балки чун рӯзи мардон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз тибқи маъмул, духтарон, ҳамсарону хоҳарон, хулоса занон ба мардони хонавода ва коргоҳи худ тӯҳфаҳо тақдим кардаву онҳоро ҳамчун муҳофизони ватан ва хонавода табрик мекунанд.

Моҳира, ҳам, ки бо тӯҳфаҳо ба пеши наздиконаш мешитофт, гуфт, “намедонам тӯҳфаҳои ман ба онҳо писанд меояд ё не, вале аз таҳи дил ин тӯҳфаҳоро харидам ва бисёр мехоҳам онҳоро дар ин рӯз хушҳол кунам.”

Фурӯшгоҳҳои шаҳр ҳам бо таваҷҷӯҳ ба ин ид барои занон армуғонҳои ҷолиб пешниҳод мекунад. Ширкати “I am difftrent” имсол дар ростои ин ҷашн нимтанаеро бо акси танки ёдгории ҷанг дар маркази Душанбе ба фурӯш баровардааст.

Ба занон, ки дар ин рӯз дар интихоби тӯҳфа аз онҳо машварат мепурсанд, ҳамин нимтанаро пешниҳод мекунанд. Дар мағозаи тӯҳфаҳои ҷолиб дар маркази шаҳр ҳам барои интихоби занон дар ид як гӯшаи махсуси тӯҳфаҳо таъсис шудааст. Дар ин гӯша армуғонҳои ҷолибу рамзӣ, мисли силоҳу муҳимоти ҷангӣ бо арзиши аз 10 то 100 сомонӣ пешниҳоди харидорон шудааст.

Аммо ба ширкати “Дунёи нав” бахшида ба ин ид фармоишҳои ҷиддитар пешниҳод мешавад. Барои табрики афроди расмӣ ва кормандони низомӣ дар ин ширкат тӯҳфаву армуғон бо навиштаҷоти табрикотӣ ва ё ному насаб омода мешавад.

Рустам Назаров, раҳбари ширкати тарғиботии “Дунёи нав” мегӯяд,“болои ручка, дафтарҳои чармӣ, флешкаҳо ва ё маҷмӯи тӯҳфаҳо мехоҳанд тарбикот ё ному насабро зикр кунем. Ё занон омада, барои ҳамкорони марди худ бо акси онҳо тақвим фармоиш медиҳанд.”

Бо ин ҳама мардону ҷавонписарон ҳам, ки ба таваҷҷӯҳи занон дар ин рӯз ба худ одат кардаанд, аз ҷинси латиф армуғон ё ҳадди ақалл сухани хубе интизоранд. Аммо донишҷӯе нимшӯхиву нимҷиддӣ дар муроҷиат ба духтарон гуфт, “ягон чизи беҳуда нахаранд. Барои мардуми донишҷӯ, масалан, тӯҳфаи беҳтарин пул аст. Чанд пуле, ки бошад.”

Артиши миллии Тоҷикистон 25 сол пеш, замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошиду дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ташкил шуд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, артишро дар як ҷойи холӣ сохтанд ва аз Шӯравии собиқ ҳеч меросе нагирифтанд.

Ҳар сол ин санаро мутантан ва бо гашти низомӣ дар пойтахт таҷлил мекарданд. Вале мақомот гуфтанд, имсол гашти низомӣ баргузор намешавад. Ин ҷашн солҳост, ки дар Тоҷикистон чун рӯзи мардон низ таҷлил мешавад.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет