Ошкор шудани боз ду фоҳишахона дар Душанбе

2018-02-22 12:33:59 | Ҷомеа | 0 | 245

tajikistan

Кормандони милиса як зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе ва як ҷавони 17-сола аз ноҳияи Рӯдакиро бо гумони ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо манзилҳои худро ба фоҳишахона табдил дода, барои фароҳам овардани шароити алоқаи ҷинсӣ аз ҳар ҷуфт яке 120 ва дувумӣ 300 сомонӣ пул мегирифтааст.

Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахонаҳо

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 49-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 20-уми феврали соли 2018, манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 25сола ва зани 34–солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, ҷавони 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.
Номбурда 10-уми феврлали соли 2018, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 34-сола ва зани 27-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Тафтишот муайян намуд, ки ҳамчунин ӯ рӯзи 14-уми феврали соли 2018, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 34-сола ва зани 25-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ин қазияҳо мавриди тафтишот қарор доранд.

Муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҷиноятҳои қаллобӣ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 51-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки мохи октябри соли 2017, марди 29-солаи сокини ш. Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13,900-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 47-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2013, марди 52-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Айни замон нафарони гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот давом дорад.

Дуздии маснуоти заргарӣ аз манзили истиқоматӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 24-солаи сокини шахри Душанбе муроҷиат намудааст, ки ки моҳи январи соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи озод вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1-адад ангуштарини тиллоӣ ва 1-адад гарданбанди нуқрагин, ки арзишашон 2000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавондухтари 17-солаи сокини пойтахтро бо гумони дуздӣ, дастгир намуданд.
Оид ба ин ҳодиса паврандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Дуздии таҷҳизоти техникӣ ва молу ашё

Ба ШВКД дар ноҳияи Муъминобод марди 61-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тебалайи ҳамин ноҳия муроҷиат кардааст, ки моҳи марти соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонааш воқеъ дар ноҳияи мазкур шуда, аз он ҷо 1-адад муҳаррики трактори тамғаи Т-28, 2-адад таҷҳизотҳои сохтмони барқӣ, 1-адад зарфи ғунҷоишаш 500-литра ва 1-адад сандуқи оҳанин, ки арзишашон 5689-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 40-солаи сокини ноҳияи Муъминобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Дуздии телефон дар дохили воситаи нақлиёт

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҷавондухтари 19-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 19-уми феврали соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар дохили автобус, аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг Галакси А-5”, ки арзишаш 2900-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: марди 27-солаи сокини ноҳияи Темурмалик, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, марди 48-солаи сокини ноҳияи Данғара, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 29-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

Телeфондуздии як мард дар Конибодом

Як сокини шаҳри Конибодом бо ҷурми дуздӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Аз ин сокини шаҳри Конибодом, кисоли таваллудаш 1985 мебошад Тошматов Ботур ном бурда мешавад.

Номбурда санаи 20 феврал тахминан соати 19:30 бо тариқи пинҳонӣ дар қаҳвахонаи ш. Конибодом як адад телефони мобилии тамғаи «Теле-2»-ро ки арзишаш 600 сомонӣ буда, ба шаҳрванд Иломҷонзода Илёс тааллуқ дошт, гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯи кормандори милитсияи шаҳри Конибодом гумонбар Тошматов Бобур дастгир гардида, аз ӯ далелҳои шайъи гирифта шудааст. Нисбати Тошматов бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет