Тоҷикистон ба арзёбии низоми муқовимат бо маблағгузории терроризм омода аст

2018-02-22 12:04:06 | Иқтисодиёт | 0 | 110

tajikistan

Ҷаласаи навбатии Комиссияи МҚД/МТ/МПСҚО Сурат: аз сомонаи БМТ


Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба даври 2-юми баҳодиҳии низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар ва ташрифи ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ ба шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли равон муҳокима гардиданд.

Гуфта мешавад, муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ иштирокдоронро бо натиҷаҳои фаъолияти анҷомдода дар мавриди омодагӣ ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн аз наздик ошно сохта, барои самаранок ба итмом расидани ин марҳилаи барои кишвар муҳим маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.

Дар баробари ин, аз ҷониби муовини директори Департаменти мониторинги молиявӣ Закирова Т.М. оид ба омодагӣ ба даври 2-юми баҳодиҳӣ маълумот пешниҳод гашта, раванди ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз дар ин самт аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ қайд гардид.

«Дар рафти ҷаласа аъзоёни Комиссия оид ба як қатор масъалаҳои марбут ба даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн ибрози назар намуда, омодагии худро барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин марҳилаи муҳим изҳор доштанд.

Қобили қайд аст, ки ноил гаштан ба натиҷаҳои мусбат дар даври 2-юми баҳодиҳии тарафайн ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар робита ба ин, бояд зикр кард, ки омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани баҳодиҳии тарафайн вазифаи ҳар як сохтори давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ ба шумор меравад.

Зикр мегардад, ки дар доираи ҷаласаи Комиссия инчунин, як қатор масъалаҳои марбут ба фаъолияти амалии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/ММПСҚО, аз ҷумла, мавриди мувофиқа қарор додани лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои кишвар, муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди БМТ бо мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО баррасӣ шуданд.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет