Ҷанҷоли тағою ҷиян аз пушти як арӯс

2017-11-23 05:33:10 | Ҷомеа | 5 | 310

tajikistan

Ману Сангак як сол пеш тариқи телефон шинос шуда будем. Ӯ аз рӯзи аввали шиносӣ туро ба занӣ мегирам мегуфт, вале дар ин миён аз байнамон гурбаи сиёҳ гузашту бо ҳам қаҳрӣ шудем.

Тоқат накарда, як рӯз худам ба ӯ занг задам, вале Сангак маро ҷангараи бадрашк номида, телефонро хомӯш кард. Гаштаю баргашта боз чанд маротибаи дигар занг зада бошам ҳам, ҷавоб надод, баъд рақамҳои маро ба рӯйхати сиёҳ партофт. Бисёр зиқ шуда бошам ҳам, ба тақдир тан дода, дигар дар ҷустуҷӯйи Сангак нашудам. Аз қаҳрӣ шуданамон се моҳ гузашту як шом рақамҳои тағояш дар телефонам пайдо шуд. Бо гумони он ки дӯстдоштаам занг зада истодааст, гӯширо бардоштам, вале ба гӯшам садои тағои Сангак расид. Вай бешармона “ман туро дӯст медорам” гуфта, зорию тавалло мекард, ки биё аз наздик вохӯрем. Асабӣ шуда телефонро хомӯш кардам, аммо Саймиддин маро ба ҳоли худам намонда, ҳар рӯз занг мезад. Маҷбур шуда ба вохӯрӣ рафтам. Намедонам ӯ маро ҷоду кард ё аз азал дар тақдирам чунин навишта шуда будааст, ки оҳиста-оҳиста бо ӯ одат кардам. Саймиддин ҳамеша Сангакро сиёҳ карда мегуфт, ки дилу нияти ӯ ҷиддӣ набуд ва мехост маро фиреб кунад, аммо ба мақсади нопокаш расида натвонист. Суханони тағояш боис гаштанд, ки Сангакро бад дида, нисбати ӯ нафрат пайдо кунам.

Ҳамин тавр аз байн чанд вақт гузашту Саймиддин ба ман пешниҳоди хонадоршавӣ кард. Барқасди Сангак розигӣ додам. Ҳамин тавр маро ба тағои ҷавони дӯстдоштаам фотиҳа карданд. Шаби бо Саймиддин номзад шуданамон, баъди рафтани меҳмонҳо Сангак ба ман занг зад ва бо нафрат гуфт: “Ман туро одам гумон мекардам, вале аз одамгарӣ ягон зарра бӯ набурда будаӣ. Ягон каси дигар ёфт нашуд, ки бо тағои ман гашта, ба дилам ханҷар задӣ. Аз ин рӯз мурданат беҳтар аст…”

Фаҳмондам, ки ман ягон гуноҳ надорам, Саймиддин худаш ба ман пешниҳоди хонадоршавӣ кард. Сангак ба гапҳои ман бовар накарда гуфт: “ Дурӯғ мегӯӣ. Тағоям аллакай ҳамаашро ба ман фаҳмонд. Ту, духтари бешарму беҳаё, худат ба вай се маротиба номаи ошиқона навишта, гуфтаӣ, ки агар туро ба занӣ нагирад, худкушӣ мекунӣ…”

Бо шунидани ин суханон хун ба сарам зад. Фаҳмидам, ки Саймиддин  махсус ману Сангакро ҷанг андохта будааст, то аз ҳам ҷудо шавем. Дилам аз ин марди ҳилагар, ки ба хотири нафси худаш ба рӯйи ҷиянаш пой монда, Сангакро дар назди ман сиёҳ мекард, ях барин хунук шуд. Ин ҷавони маккор маро бо фиреб ба домаш афканда, боз туҳмат кардааст, ки гӯё ман худам ба ӯ часпида, барояш чанд номаи ошиқона навишта, зорию тавалло кардаам, ки маро ба занӣ бигирад. Ман аллакай дар фотиҳаи Саймиддин ҳастам ва бояд моҳи январ тӯямон барпо шавад, аммо баъди шунидани ҳақиқати ҳол дудила шуда, чӣ кор карданамро намедонам. Магар ман бо ин ҷавоне, ки ба хотири нақшаҳои худашро амалӣ намудан тайёр аст ҳама чиз ва ҳама касро қурбон созад, хушбахт шуда метавонам?

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Ба тақдир тан дода ба Саймиддин ба шавҳар бароям, фотиҳаи тағояшро гардонда, арӯси Сангак шавам ё аз баҳри ҳардуяшон гузашта, бахтамро дар симои ягон ҷавони дигар биҷӯям?

Ноза, ш. Душанбе

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Жанна

2017-11-23 07:02:21

Аз бахри хардуяш гузар..хушбахт намешави бо фиребгарон ..бахти худро мееби сабр кун .ба ту мувафакият ва бахти сафед хохонам

Федя

2017-11-23 15:58:28

Аз бахри хар дуи онхо баро !!! Оллох хамаро чуфт офаридааст наинки ток !!!

СКОТЧ

2017-11-24 00:31:14

аку хела сухбат карди кати тагош хубтараш рохи дурустро интихоб кун ягон чавонмарди дигарро ёбу дар хаккаш хиёнат накун, ту ки аз чиянаш нафрат пайдо карди чаро касдан бо тагояш хамсухбат шуди ??? шояд дар хакатан хардуяш туро дуст дорад вале дар зиндаги азоб мекаши бо гумони ки дар дили ту хардуяш чой гирифтааст!

Мехроч

2017-11-24 21:59:24

Ба дигар чавон шавхар баро

Беном

2017-12-09 08:15:36

Ту духтари бешарм будаи изо намекаши боз аз фотеа мегарди гаштанда гашти да вай ку одат кади пас чаро мегарди ту ду пагона будай булхавас шарм дор туятро тез тар кун рав ман духтарора намефахмам пеши бача меравану дидорбини мекунан бад мебини ки худоро мешиносад шояд аз такдирам буд ту рави свдания ай худову насибу такдир чи гуфтаниям ба саймидин номзадат оила барпо кун товба