Қатли падари 86-сола дар ҳолати мастӣ: ҷузъиёти куштори нангин дар Ошоба

2017-11-23 05:31:53 | Амният | 0 | 132

tajikistan

Шарифҷон Худойбердиев, сокини 42-солаи деҳаи Себистони ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт бо иттиҳоми қатли падари 86-солааш Тоштемур Худойбердиев дастгир шудааст. Ҳамсояҳо мегӯянд, Шарифҷон бегоҳи 21 ноябр дар ҳолати мастӣ падарашро бо асо бераҳмона зада-зада куштааст.

Ба сомонаи "Ахбор” муяссар шуд, ки ҷузъиёти қазияи бо дасти писар кушта шудани як мӯсафеди 86-сола дар ноҳияи Аштро пайдо кунад.

21 ноябр соати 17:30 дақиқа сокини 42-солаи деҳаи Себистони ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Шарифҷон Худойбердиев соли таваллудаш 1975, миллаташ узбек, дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматияш бо асои дасташ падари 86-солааш Тоштемур Худойбердиев, соли тавваллудаш 1931-ро ба сараш задааст.

Бо як маротиба задан Шарифҷон Худойбердиев қонеъ нагашта, бо мақсади расондани зарари вазнин ба саломатӣ бо асои чӯбини падар, падарашро якчанд маротибаи дигар задааст. Дар пайи зарби асо падари солхӯрда аз дасти писар дар хонааш ба ҳалокат расидааст.

Ҳамсоягони Шарифҷон ба сомонаи «Ахбор» гуфтанд, ки ӯ ҳар боре ки маст мешуд, ҳатман бо касе ҷанг мекард. Оқибати мастияш ба пастӣ бурд ва қотили падараш шуд.

Нисбати Шарифҷон Худойбердиев ҳоло парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти ҳодиса давом дорад.

Дар ду моҳи охир ин бори дуюм аст, ки дар ноҳияи Ашт падар аз дасти писар кушта мешавад. Сокини ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, Нарзуллоев Некбахт, соли таваллудаш 1992, тахминан соати даҳи шаби 12 сентябр падари 47-солааш Ғайрат Нарзуллоевро бо бел бераҳмона зада кушт. Вазорати дохила гуфт, дар пушти ин ҳодисаи нангин муноқиша ва ноустувории муносибатҳои байни ин падару писар намудор мешавад: "Майзада будани падар ва номуросо будан бо аҳли оила рафоқат ва меҳрубониро аз байн бурда, муносибати байни аъзои оиларо сард ва оқибат писарро қотили падар кард.”

Некбахт Нарзуллоев, ки ба фарқи сари падараш бо тезии бел чанд зарба зад, дар баёноташ гуфт, ҳар боре ки падараш маст меомад, байни онҳо чунин муноқишаҳо рух медод: "Маст шуда, бароварда, пеш мекард. Бору буғчаатро бардору рав гӯён аз хона пеш мекард.”

Дар гузорише ки дар барномаи "Сипар”-и вазорати дохила нашр шуд, ҳамсари Ғайрат Нарзуллоев ҳодисаи шаби 12 сентябрро чунин қисса кард: "Маро зад аввал, як тараф гурехтам. Баъд ба тарафи хонаи Некбахт рафта, борони дашному ҳақоратро ба болои онҳо рехт. Некбахт гуфт, дадо, шумо маро шарманда кардед, ман пагоҳ бо ошноҳоям чӣ хел гап мезанам? Баъд гирифту зад падарашро.”

Ба зидди Некбахт Нарзуллоев бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Вазорати дохила дар шарҳи куштори ахири падар бо дасти писар гуфт, Шарифҷон Худойбердиев дар ҳоли ҳозир ба қасдан расондани осеби вазнини ҷисмонӣ, ки сабаби ҳалокати инсон шудааст, гумонбар мешавад.

Паҳн намудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Комментарии

Номи шумо
Email

Комментариев пока нет