
23.07.2019 сол шаҳрванд Уматова Сабоҳат Исматовна 1958 с\т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ\д Навобод, деҳаи Навобод ба ШВКД ноҳияи Қубодиён муроҷиат намуд, ки санаи 23.07.2019 сол тахминан соати 11-00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқ 50000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Ҳалимов Карим Давлатхонович 1999 с\т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Ҳисор, ҷ\д Деҳқонобод, деҳаи Гаҷак дастгир карда шуд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. Далелҳои шайъи қисман гирифта шуд.
Комментарии (0)