Дар бораи мо

hamsinf logo


Агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» бо мақсади амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба озодии сухан ва баёни андешаи худ вобаста ба фаъолияти ҳукумат, муассисаҳои давлатӣ, ҳаракатҳои оппозитсионӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёт ва ғайра сохта шудааст. Сомонаи интернетии агентии иттилоотӣ www.hamsinf.com майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳим, тафсири рўйдоду воқеаҳои рўзмарра (актуалӣ) ва амалигардонии нақшаву ниятҳои дурнамо мебошад.

Дар саҳифаҳои сомона ҳар рўз хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, вобаста ба амният, динӣ, муҳоҷиратӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин иттилооти видеоӣ, аудиоӣ ва тасвирӣ манзур мегардад.

Тамоми маводди иттилоотӣ дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад, ки бо факту далелҳои ҳуҷҷатӣ собит шудаанд.

Ҳар нафаре, ки меҳмони сомонаи www.hamsinf.com  шавад, норизо нахоҳад монд, чунки дар массивҳои иттилоотии он ҳар кас метавонад чизи хонданбоб пайдо бикунад. Ин монеъи ба вуҷуд омадани масъалаи норасоии иттилоотӣ гардида, талаботи шаҳрвандонро барои воқифият таъмин мекунад.

Омили дигари беназирии сомонаи www.hamsinf.com ва фарқи он аз ҷамъи сомонаҳои иттилоотии дигар дар озод будани он аст.

Дар сомона рубрикаи «хабарнигори сайёр» амал мекунад ва ҳар як хоҳишманд имкон дорад худро ба ҳайси журналист санҷида, дилхоҳ воқеаро ба навор гирифта, ба www.hamsinf.com ирсол дорад.

Ҳамчунин Шумо метавонед мақолаҳои худ ва ё ягон иттилоотро бар ивази ҳаққи қалами муайян пешниҳод бикунед, ки он ҳатман намоиш дода хоҳад шуд. Ба истиснои маводди қабеҳу зишт ва мақолаҳое, ки ба меъёрҳои одобу ахлоқ мухолифат мекунанд ва ё дашному ҳақоратро дар бар мегиранд, зеро Агентии иттилоотии «Ҳамсинф» номи неки худро доғдор кардан намехоҳад.