Алишер Қаноатзода дар бораи сӯхтори Филармония: аз ҳангома худдорӣ кунед!

29-09-2018 | Общество | 0 | 103

tajikistan

Ман Алишер Қаноатзода дорандаи "Медали хизмати шоиста ",роҳбари ансамбли "Тарона ва рақс "-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, аз ҳамаи паҳнкунандагони чунин хабарҳои пурҳангома ва носанҷида хоҳиш менамоям, ки аз фарзияҳои гуногуни дурӯғ худдорӣ намуда, ба воқеият такя намоед.Зеро ин ҷо ҳеҷ гуна ҳолати "барқасдона оташ задан " дар филармония вуҷуд надошт.

Аз дурӯғу ҳангома худдорӣ кунед!!

Дирӯз дар хабаргузории "Akhbop. com " хабари "Сӯхтор дар Филармония "—ро хонда тасмим гирифтам ки ба он вокуниш нишон диҳам.

Хабаргузорӣ хабар дод, ки:—". Соати 12 ба 13-и рӯзи 27-сентябр дар бинои Филармлнияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар маҳаллаи Иттифоқҳои касабаи ш.Душанбе сӯхтор ба амал омад.Як қисми бино бо таҳхонаву қубурҳо оташ гирифтааст ".

Агарчӣ дар ҳамин хабар аз номи як масьули хадамоти сӯхторнишонӣ, бидуни овардани номаш "сабаби сар задани сӯхтор ва эҳтимоли ғалат дар расиши кутоҳи ноқилҳои барқ гуфта мешавад, вале фарзияи дигаре ҳам гӯиё аз номи як корманди Филармония оварда шудааст, сӯхторро "Барқасдона" ва "ба омадани президентҳои СНГ ба Тоҷикистон "рабт доданд.

Ман Алишер Қаноатзода дорандаи "Медали хизмати шоиста ",роҳбари ансамбли "Тарона ва рақс "-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, аз ҳамаи паҳнкунандагони чунин хабарҳои пурҳангома ва носанҷида хоҳиш менамоям, ки аз фарзияҳои гуногуни дурӯғ худдорӣ намуда, ба воқеият такя намоед.Зеро ин ҷо ҳеҷ гуна ҳолати "барқасдона оташ задан "вуҷуд надошт.

27 - уми сентябр дар яке аз таҳхонаҳои Филармония корҳои прафлакторӣ гузаронида шуд.Соати 12 ҳангоми гузаронидани чунин корҳо, ҳамаги се дона пенапластик дар гирифт, дуди он аз таҳхона баромаду ба берун паҳн шуд. Барои он, ки оташ аланга нагирад мо фавран ба хадамоти оташнишонӣ занг зада мошини оташхомӯшкунӣ даьват кардем.

Кормандони хадамоти оташнишонӣ зуд ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш карданд. Аз ин сӯхтори хурд ҳеҷ гуна зарари техникӣ ва ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки аз худи сӯхтор, воҳимаи он бештар буда, зиёни бисёртар мерасонад.Ба хусус вақте, ки чунин воҳимаҳо ва ҳангомаҳо чунин асоси воқеӣ надошта бошад.

Ба таваҷӯҳи ҳамагон мерасонам, ки имрӯз соати 16-00 дар толори Филармония консерти ансамбли "Тарона ва рақс "бо иштироки ҳунарманди халқии Тоҷикистон устод Афзалшо Шодиев баргузор мегардад.

Аз ҳама ҳаводорони тарона ва рақс ва инчунин паҳнкунанандагони чунин хабарҳои беасос хоҳиш менамоям, ки дар он ширкат варзанд ва бо ин баҳона аз вазьи воқеӣ ва сӯхтори дирӯза низ огаҳ шаванд.

Мо интизори шумоем!

Бо эҳтиром, Алишер Қаноатзода, Роҳбари ансамбли "Тарона ва рақс "-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев.

СӮХТОР ДАР ФИЛАРМОНИЯ (ВИДЕО)

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет